Вохӯрии М.Имомзода бо К.Пиккат

17-05-2021
17-уми майи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО Криста Пиккат баргузор гардид. 
Дар рафти суҳбат иттилоъ дода шуд, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои бисёрҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи махсус дорад. Яке аз ташкилотҳое, ки фаъолияташро ба соҳаи маориф ва илм равона кардаст, Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мсбошад.
Пешбурди масъалаҳои вобаста ба маориф яке аз самтҳои афзалиятноки кори Шуъбаи Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО ба ҳисоб рафта, як қатор барномаву лоиҳаҳо анҷом дода шудаанд.
Дар доираи қамкорӣ ҳамасола аз ҷониби ЮНЕСКО дар дохил ва хориҷи кишвар конфронсу семинар ва дигар чорабиниҳо доир карда мешавад, ки ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои мазкур намояндагони вазорат ва зерсохторҳои он даъват мегарданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби ЮНЕСКО пешниҳод гардидааст, ки бо мақсади боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо дар самти маориф ва илм ва татбиқи Ҳадафи 4-уми Рушди Устувор Ёддошти тафоҳум миёни ин созмон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шавад.
Ёддошти тафоҳуми мазкур доираи ҳамкориҳо миёни ЮНЕСКО ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар татбиқи муштараки Стратегияи миллии рушди маориф барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рушди Устувор 4 - Рӯзномаи «Маориф 2030» муайян менамояд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон