ВОХӮРИИ ҶАМШЕД ҶӮРАЗОДА БО ВЛАДИМИР ЧЕРНИГОВ

28-06-2022
28-уми июни соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо Президенти Созмони мухтори ғайритиҷоратии “Пажуҳишгоҳи ғизои соҳавӣ”-и Федератсияи Россия Владимир Чернигов баргузор гардид, ки дар он инчунин, муовини вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода, сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода ва намояндагони Созмони мухтори ғайритиҷоратии “Пажуҳишгоҳи ғизои соҳавӣ”-и Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Суҳроб Бобоҷонов ва Идрис Газдиев ҳузур доштанд.
Нахуст, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода аз ҳамкорӣ бо Созмони мухтори ғайритиҷоратии “Пажуҳишгоҳи ғизои соҳавӣ”-и Федератсияи Россия изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо ба шарофати БОҶ дар 1941 мактаби деҳоти кишвар ба 410 ҳазор нафар хонанда (тақрибан 60 фоизи ҳамаи мактабҳо) ҳар рӯз бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. 
Зимни суҳбат Владимир Чернигов дар бораи “Пажуҳишгоҳи ғизои соҳавӣ” ва мақсади хеш суханронӣ намуда, зикр кард, ки лоиҳаи мазкур имконият фароҳам меорад, ки кӯдакон бо ғизои солим таъмин карда шаванд. Барномаи мазкур мактабҳоро бо орди гандуми ғанигардонидашуда, равғани растанӣ, лубиёгӣ ва намак таъмин намуда, аз ин маҳсулотҳо барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ метавонанад хурокҳои гуногун омода намоянд.
Гуфтан ба маврид аст, ки соли 1999 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид барномаи ғизои мактабӣ дар кишварро роҳандозӣ кард. Аз соли 2013 инҷониб он бо дастгирии молиявии Федератсияи Россия ва кӯмаки техникии Институти ғизои соҳавии Федератсяи Россия (SIFI) амалӣ карда мешавад. Моҳияти лоиҳаи мазкур кӯмак расонидан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва ифтитоҳи Барномаи миллии таъмини хӯроки мактабӣ мебошад.
Дар охир, ҷонибҳо аз ҳамкориҳои ҷойдошта изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки ҷиҳати рушду тавсеаи он тамоми тадбирҳои судманд андешида мешавад.