ВОХӮРӢ БО САФИРИ НАВТАЪЙИН

15-10-2019
14-уми октябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Нуриддин Саид бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Ҳайдар баргузор гашт.
Дар оғози вохӯрӣ Нуриддин Саид қайд кард, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаи маориф ва илм дар асоси «Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф» аз 13-уми майи соли 2004 ва «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон» оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ» аз 17-уми июни соли 2014 ба роҳ монда шудааст.
Дар идома қайд гардид, ки соли 2019 лоиҳаҳои як қатор созишномаҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, аз ҷумла лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ бо Донишгоҳи Пешовари Ҷумҳурии Исломии Покистон, лоиҳаи Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Пешовари Ҷумҳурии Исломии Покистон, лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода бо Донишгоҳи Балуҷистони Ҷумҳурии Исломии Покистон омода карда шудаанд.
Зимни мулоқот, инчунин, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистонро дар соҳаи маориф ва илм мавриди муҳокима қарор доданд.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО