ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ: НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ-2018 (4)

10-01-2019
Дар самти таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ карда шуд.
Дар зинаи таҳсилоти томактабӣ давра ба давра фаро гирифтани кӯдакон зиёд гардида, айни ҳол дар 619 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 93 307 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Зиёдшавӣ нисбат ба соли 2017-ум 254 нафарро ташкил медиҳад.
Дар баробари муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ 1 666 адад Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 45 476 кӯдак фаъолият менамояд, ки нисбат ба соли 2017-ум шумораи кӯдакон 1810 нафар зиёд мебошад.