ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ

26-10-2021
28-29-уми октябри соли 2021, соати 830 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зери унвони “Фазои таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил манбаи стратегии рушди устувор” ва нахустин Фестивали маҳорати педагогии омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, ки дар он омӯзгорон ва кормандон соҳаи маорифи ҷумҳуриҳои Россия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. 
Дар маросими ифтитоҳии Анҷуман муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, мушовири Раёсати ҳамкориҳои башардӯстона, мушкилоти умумии сиёсӣ ва иҷтимоии Кумитаи иҷроияи ИДМ Казак Галина Николаевна, ҳамраиси Раёсати Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ, Намояндаи Федератсияи Россия дар Шӯрои ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ, Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкории фарҳангии байналмилалӣ Шведкой Михаил Ефимович, муовини вазири маориф, илм, фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Арманистон Андреасян Жанна Арамовна, муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Кадлубай Александр Владимирович, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон Каринова Шолпан Танатовна, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷусупбекова Надира Сынташевна, муовини аввали вазири маорифи Федератсияи Россия Бугаев Александр Вячеславович, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, ҷонишини директори Институти илмӣ - тадқиқотии ба номи А.Авлонии Вазорати маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Пардаева Меҳринисо Дониёровна суханронӣ хоҳанд кард.
Сипас, Анҷуман аз рӯйи 5 номинатсия: муайян кардани роҳҳои муассири таъмини таълими дастрас ва босифат дар ҳама сатҳҳо ва рақамикунонӣ дар соҳаи маориф; вазъ ва дурнамои рушди илми педагогика дар кишварҳои ИДМ; муносибатҳои инноватсионӣ дар татбиқи стандартҳои касбии омӯзгор ва ташкили корҳои таълимӣ дар ташкилотҳои таълимии кишварҳои ИДМ; фаъолсозӣ ва рушди шарикӣ байни ташкилотҳои таълимии кишварҳои узви ИДМ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии башардӯстона дар фазои ИДМ; ҳамкорӣ дар вусъат, паҳн ва ҳифзи забони русӣ ҳамчун воситаи муҳимтарини ҳамгироии кишварҳои узви ИДМ идома ёфта, иштирокдорон вобаста ба номинатсияҳо иштирок ва суханронӣ мекунанд.
Фестивали маҳорати педагогии омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъд аз маросими муқаддимавӣ аз рӯйи номинатсияҳои “Муаллим”, “Мураббӣ” ва “Равоншиносӣ” ба кори худ идома медиҳад. Дар фарҷом ба иштирокчиёни Фестивал диплом супорида мешавад.
Ҳамчунин, дар рафти Анҷуман ба як қатор омӯзгорон ва кормандони кишварҳои узви ИДМ нишони «Аълочии маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» супорида мешавад ва иштирокчиён аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва қасри “Кохи Наврӯз” дидан мекунанд. 
Ёдовар мешавем, ки Анҷумани омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ду сол як маротиба доир мегардад ва он ба фароҳам овардани шароит барои рушди равандҳои ҳамгироӣ, ҷустуҷӯи фаъолонаи шаклҳо ва механизмҳои нави ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи маориф мусоидат менамояд. 
 
Маркази матбуоти Вазорати
маориф ва илми
   Ҷумҳурии Тоҷикитон