ТОҶИКИСТОНУ УКРАИНА: ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ ВУСЪАТ МЕЁБАНД

05-10-2021
5-уми октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Консортсиуми байналмилалии DigEco доир гардид, ки дар он Муҳаммаддовуд Саломиён - муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Василий Серватюк  - сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Илҳом Камолзода - сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алена Хаджинова - ректори Донишкадаи таълимӣ ва илмии иқтисод ва менеҷменти  Украина, Александр  Чейлях - ректори Донишкадаи технологияҳои муосир, Владимир  Крючев - ректори Донишгоҳи давлатии агротехнологии Таврия ба номи Дмитрий Моторный, Сергей Копылов - ректори Донишгоҳи миллии ба номи Иван Охиенко, Михаил Михайлов - роҳбари Маркази таълимӣ ва илмии ҳамкории байналмилалӣ, Юлия Богоявленская-дотсенти кафедраи иқтисоди рақамӣ ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи политехникии Украина иштирок карданд.
Зикр гардид, ки мақсади вохӯрӣ баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илм ва Сафорати Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани нақшаи ҳамкориҳо барои солҳои минбаъда мебошад. Ҳамзамон, изҳори назар карда шуд, ки Консортсиуми байналмилалии DigEco дар доираи Барномаи “Erasmus+” ният дорад бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва Донишкадаи технологии Тоҷикистон дар самти рушди рақамикунонии таҳсилот ҳамкориро ба роҳ монад. М.Саломиён бо ҷонибдорӣ аз ташаббуси мазкур таъкид кард, ки муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаанд, ҳамкориро ба роҳ монанд.
Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ меҳмонон вобаста ба ҷорӣ намудани лоиҳаи рақамикунонии иқтисодии ду кишвар ҳамчун унсури пойдории рушди иқтисодӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, дар охир ҷонибҳо бори дигар ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти маориф ва илм омодагии худро изҳор карданд.
Азиза Сафоназаровна
Зайнаб Ҳусейновна