Тоҷикистон дар Самарқанд мактаб ва дар вилояти Фарғона кӯдакистон месозад

20-07-2018
Аз ҷониби роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар ҳарду кишвар иқдом гирифта шуд, ки айни ҳол шартномаи он дар арафаи имзошавӣ қарор дорад.   
Тибқи ин иқдом, бояд аз ҷониби кишвари мо  ду муассиса, яъне як мактаб дар вилояти Самарқанд ва як кӯдакистон дар вилояти Фарғона сохта шаванд. Ҳамзамон як мактаб дар  ноҳияи Спитамен ва як маркази тиббӣ дар ноҳияи Қубодиён вилояти Хатлон аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба истифода дода мешаванд.
Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев  баён намуд.
Зикр шуд, ки барои таъмин ва омода намудани китобҳои дарсӣ барои муассисаҳое, ки дар он таълим бо забони ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст, дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи алоҳида фаъолият дорад.
Ҳамчунин Р. Мирбобоев зикр намуд, ки  дар ҷумҳурӣ 77 муассисаи таълимӣ бо забони ӯзбекӣ фаъолият мекунанд. Инчунин дар 426 муассисаи таълимӣ таҳсил ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам бо ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 130 ҳазор талаба бо забони ӯзбекӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.