ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ

25-01-2022
25-уми январи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмад Акбарзода бо кормандони Вазорати маориф ва илм ва зерсохторҳои он баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои мубрами рӯз, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, муқовимат бо ин падида ва фаъолияти дастаҷамъонаи кормандони соҳа баҳри пурра аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Нахуст муовини вазири маориф ва илм Нуралӣ Собирзода зикр кард, ки ҳамкориҳои судманд бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол таҳким меёбанд ва Вазорати маориф ва илм баҳри татбиқи сиёсати давлатии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Сарнозири сарраёсати муқовимат бо коррупсия Нурмаҳмад Акбарзода ба иштирокдорон тамоми паҳлӯҳои қонунии мубориза бо коррупсияро тавзеҳ дода, аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки дастаҷамъона бар зидди ин падидаи нанговару номатлуб мубориза баранд.
Ҳамчунин, Н. Акбарзода таъкид дошт, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ рӯ ба рӯ мебошад ва айни замон ба ин хатарҳо боз коррупсия зам шудааст. Коррупсия болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро боз медорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ соҳаҳои асосии ҳаёти шаҳрвандонро фаро гирифта, ба шуурнокии ахлоқӣ ва ҳуқуқии онҳо таъсири манфии худро мерасонад. Бинобар ин, ҳадафи асосии баргузории вохӯрии имрӯза тадбирҳои тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда мебошад ва ҳар як хизматчии давлатӣ дар ин самт бояд бетараф набошад.
Дар охир мубоҳисаи судманд сурат гирифт ва ширкаткунандагон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Бахтовар.С