Тақвиятбахши раванди ҳунаромӯзӣ

23-04-2018
Бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони синфҳои 10-11 китоби «Асосҳои интихоби касб» ҳамчун дастури таълимӣ мавриди омӯзиш  қарор гирифтааст.
Яке аз ҷиҳатҳои ҷолиби ин китоб он аст, ки муаллифон мавзӯъҳоро ба бобҳо ҷудо намуданду ҳар боб оид ба мавзӯъ масъалаҳои асосиро вобаста ба синну сол тавзеҳ мебахшад. Бори аввал муаллифон дар хусуси «Низоми танзимкунандаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони содаю фаҳмо навиштаанд, ки барои хонанда хеле муфид мебошад.
Маълумот дар бораи касбу ҳунарҳо, моҳияту муҳтавои онҳо, аҳамияти ҳунаромӯзӣ китобро боз ҳам мукаммалтар сохтааст. Ин барои интихоби касб аз ҷониби хонандагон судманду муфид мебошад.
Тариқи пешниҳоди саволу супоришҳо дар китоб бозгӯӣ ба талаботи таълими салоҳиятнок буда, дар як вақт худи муаллимро водор мекунад, ки аз усулҳои фаъоли таълим дар дарс самаранок истифода намояд. Муаллифон сабки мақбулеро роҳандозӣ карда, аз умумигуфторӣ даст кашида, махсусан оид ба касбу пешаҳои техникӣ, коммуникатсионӣ, санъати дизайн ва ғайра маълумоти пухтаву саҳеҳ додаанд.
Хонанда бори аввал дар ин зина ба тариқи тартиб додани «портфолио» ошно мегардад, ки ин дар шароити муосир муҳим ва ҳатмист. Расму тасвирҳо, машғулиятҳои амалӣ, саволномаҳои тестӣ, ки мухталифмавзӯанд, муҳтавои китобро такмил бахшидаанд.
Тавассути ҷадвалҳо дар китоб хонандагон маълумоти комилтар доир ба ихтисосҳо пайдо карда метавонад.
Китоб бо забони содаю фаҳмо эҷод шудааст ва ҳамчун раҳнамо метавонад мададгори таълимгирандагон гардад.
Ғолиб Ҳасанзода, 
омӯзгори мактаби №2, 
ноҳияи Айнӣ