ТАВАҶҶУҲ БА КОМИССИЯИ ОЛИИ АТТЕСТАТСИОНӢ ВА ҲИМОЯИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ 

16-08-2022
Санаи 16-уми августи соли ҷорӣ дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҷаласаи васеъ бо иштироки роҳбарият ва намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаи «Аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ: вазъ ва дурнамо» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Муҳтарам Сатториён М.А. зимни сухани муқаддимавӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид дошт, ки дар сиёсати дохилии Пешвои муаззами миллат маориф ва илм яке аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида мешавад ва ин масъала дар ҳама вохӯриву суханрониҳои Сарвари давлат мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор мегирад. 
Дар идомаи ҷаласа раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода А. роҷеъ ба фаъолияти шуроҳои диссертатсионии амалкунандаи миллӣ ва нуқсонҳои дар ин самт ҷойдошта изҳори андеша намуд. 
Зимнан таъкид шуд, ки ҷаҳони имрӯза ҳассос, мураккаб ва тезтағйирёбанда мебошад. Сиёсати геопалитикии абарқудратҳои дунё, тағйирёбии иқлим, гармшавии кураи Замин ва ҷаҳонишавии бошитоб инсониятро ба мушкилоту хатарҳои наву тоза рӯ ба рӯ сохтааст. Дар ин гуна шароит танҳо он кишвару давлатҳое бурд хоҳанд кард, ки аз неруи муқтадири илмию техникӣ бархурдор бошанд. 
Муҳтарам Розиқзода А. дар идомаи суханронӣ ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва омода намудани мутахассисони дорои унвони илмидошта ибрози андеша намуда, қайд кард, ки «Тайи шаш сол мешавад, ки дар фазои илму таҳсилоти кишвар КОА-и миллӣ фаъолият намуда, дар роҳи аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ масъулияти басо ҷиддиеро ба уҳда дорад. Ба ҳолати якуми июли соли ҷорӣ дар шуроҳои диссертатсионии миллии дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар амалкунанда 1588 ҳимояи диссертатсияҳо баргузор шудааст, ки аз ин теъдод 1370 диссертатсия тасдиқ гардидааст (115 докторӣ, 1179 номзадӣ ва 76 доктор фалсафа (PhD)- доктор аз рӯйи ихтисос ва 195 диссертатсия радшуда)». Ҳамзамон, иброз дошт ки аз шумораи умумии диссертатсияҳои воридшуда ба самти илмҳои табиӣ- математикӣ ва техникӣ – 331 диссертатсия, самти илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ – 268 диссертатсия ва ба самти илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ – 989 диссертатсия рост меояд. 
Гуфта мешавад, ки ҷалби ҷавонон ба тадқиқоти илмӣ дар самти фанҳои дақиқ талаботи замон аст, зеро нигаронии Пешвои муаззами миллат дар ин самт дида мешавад. Аз ҷумла: «…ҷавонони мо ба таҳқиқи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ кам таваҷҷуҳ зиҳир мекунанд, зеро дар доираи илмҳои зикршуда омода кардани рисолаҳои илмӣ ва гузаронидани корҳои озмоишӣ дониши мукаммалу бунёдиро талаб мекунад. Маҳз бо ҳамин сабаб муҳаққиқони ҷавони мо худро аз таҳқиқи илмҳои бунёдӣ канор мегиранд ва ин аст, ки солҳои охир мо ягон кашфиёти илмии бунёдӣ, ки ҷавобгӯи талаботи ҷоизаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бошад, пешниҳод накардаем». Гуфта шуд, ки дар ин самт дастаҷамъона бояд чораҳо андешид ва роҳҳои ҳалли масъаларо дарёфт кард. 
Зимнан қайд гардид, ки тибқи маълумоти омории Комиссия, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва АМИТ имрӯз дар ҷумҳурӣ 5406 нафар кормандони дорои дараҷаи илмӣ кору фаъолият мекунанд, ки аз инҳо 948 нафар доктори илм, 4373 нафар номзади илм ва 85 доктори фалсафа (PhD)- доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. 
Таъкид шуд, ки нишондиҳандаҳои оморӣ моро водор месозад, ки ба ояндаи илми кишвар ҷиддан муносибат намуда, барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат чораҳои зарурӣ андешем. 
Дар омода намудани кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ ҳолатҳои шитобкорӣ, саҳлангорӣ ва як навъ муносибати рӯякӣ нисбат ба онҳое, ки роҳи пурмашаққату заҳматталаби илмро интихоб кардаанд, дида мешавад, ки сари ин масъала тадбирҳои зарурӣ андешидан зарур аст. 
Муҳтарам Розиқзода А. дар идомаи суханронӣ аз фаъолияти баъзе роҳбарони илмӣ, экспертҳои дохилӣ, муқарризони расмӣ ва муассисаҳои пешбар изҳори нигаронӣ намуда, аз ҳама роҳбарони муассисаҳое, ки дар наздашон шуроҳои диссертатсионӣ фаъолият мекунад, таклиф намуд, ки назоратро аз болои фаъолияти шуроҳо дар ҷаласаҳои назоратӣ ва шуроҳои олимон мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҷиддӣ қарор диҳанд. 
Баъдан муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода роҷеъ ба баъзе мушкилиҳои фаъолияти КОА суханронӣ намуда, дар самти эҳёи шуроҳои диссертатсионӣ ва омода намудани мутахассисон аз рӯйи соҳаҳои энергетика, нафту газ, нанотехнология, биотехнология, психология, сотсиология, амният ва ҳарбӣ пешниҳодҳои судманд намуд. Гуфта шуд, ки барои таҳқиқоти илмӣ, пеш аз ҳама, бояд мавзуъҳои мубрами рӯз, созгор ба ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ, ҷавобгӯ ба ниёзҳои иқтисоди миллии мамлакат ва ифодакунандаи манфиатҳои миллию давлатӣ интихоб ва ҳимоя карда шаванд.
Ҳамзамон, ба роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва вазорату идораҳои илмӣ-тадқиқотии ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки барои дарёфти роҳҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонони соҳибистеъдод ба тақҳиқоти илмӣ, хусусан илмҳои табиӣ ва теъникӣ чораҳои зарури андешанд. 
Ҳамин тавр, дар ҷаласа аз ҷониби роҳбарият ва намояндагони ниҳодҳои гуногуни илмию таълимӣ дар самти рушд бахшидани илми миллӣ ва имтиёзҳо додан ба муҳаққиқони ҷавон такилифу пешниҳодҳо сурат гирифт. Бознигарӣ намудани баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқии КОА, аз ҷумла баъзе бандҳои низомномаи тартиби додани дараҷа ва унвонҳои илмӣ, таъсиси шуроҳои диссертатсионии миллӣ-маҳалӣ ва муштарак, инчунин, сабукиҳо дар раванди ҳуҷҷатгузорӣ аз қабили пешниҳодҳо буданд.
Гуфта шуд, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи васеи Шурои ректорон баррасӣ шуда, хулосаи он ба сохтори дахлдори Вазорати маориф ва илм пешниҳод шудааст. Таклифҳои навбатӣ аз ҷониби Комиссияи махсус, ки аз ҳисоби роҳбарони ниҳотҳои мухталиф интихоб шуданд, омӯхта шуда, пешниҳодҳои мушаххас ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол мегардад. 
«Агар дар ҷумҳурӣ 5406 нафар кормандони дорои дараҷаи илмӣ фаъолият кунанд ва ин нишондодро ба шумораи умумии аҳолӣ тақсим намоем, он гоҳ ба 1000 нафар аҳолӣ 0,6 нафар корманди дорои дараҷаи илмӣ рост меояд. Дар самти афзун намудани шумораи кормандони дорои дараҷаи илмӣ тадбирҳои муҳим бояд андешида шавад» – гуфта шуд дар ҷаласа.