ТАҲТИ РАЁСАТИ Л. АБДУЛХОЛИҚЗОДА ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

14-06-2022
14–уми июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми кишвар Лутфия Абдулхолиқзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсати дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа Л.Абдулхолиқзода таъкид кард, ки омода намудани мутахассисони варзида дар муассисаҳои олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳими Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо аз тарафи Ҳукумати кишвар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, дар асоси созишномаҳои ҳамкорӣ дар ҷумҳуриҳои аъзои ИДМ ва кишварҳои хориҷи дур ҳамасола зиёда аз 5 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Айни ҳол, ки маъракаи қабули довталабон барои дарёфти стипендияи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” бомаром идома дорад, зарур аст, ки ҷиҳати дарёфти довталабони лаёқатманд тадбирҳои судманд андешида шавад. 
Инчунин, директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ Р. Одиназода зикр кард, ки Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Тоҷикистон пардохт шуда, дар доираи он пардохти хароҷот барои таҳсил, ҷойи истиқомат, суғуртаи тиббӣ ва роҳкиро пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, дар асоси стипендияи мазкур бештар мутахассисон аз рӯйи он ихтисосҳое омода карда мешаванд, ки дар бозори меҳнати кишвар ва минтақа талабот бештар аст.
Дар охир мубодилаи афкор сурат гирифта, аз ҷониби иштирокдорон як қатор таклифу пешниҳодҳо ироа гардиданд.