Таълифи эссе эҷодкорист

16-10-2018
Ҷорӣ гардидани эссе дар синфҳои 5-11 талаби замон буда, ба василаи таълифи он хонанда, қабл аз ҳама, фикру андешаи худро рӯйи коғаз меорад. Баён намуда тавонистани фикр барои хонанда ба таври кӯтоҳ ва бо забони фаҳмою шево хеле муҳим буда, дар ин боб якчанд омил шарт мебошад. 
Омӯзгор ҳангоми гузаронидани машғулияти навиштани эссе бояд ба шогирдон тайёрию омодагии пешакиро шарҳу тавзеҳ бахшад. Барои навиштани эссе хонандаи мактаб бояд луғатҳои зиёдеро аз бар кардаву асарҳои бадеӣ мутолиа кунад. Дарвоқеъ, навишта тавонистани эссе агар, аз як тараф, баҳри баён карда тавонистани фикри хонанда аҳамият дошта бошад, аз ҷониби дигар, дар масъалаи дарёфту таҷрибаи эҷодкорони ҷавон мусоидат хоҳад кард. Мусаллам аст, ки бе донишу омӯзиши пайваста, бе мутолиа ва фаҳму дарки вожаю мафҳумҳои зарурӣ навиштани эссе натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод. Аз ин рӯ, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷикро зарур аст, ки дар тавсияву пешниҳоди асарҳои бадеӣ вобаста ба синну соли шогирдон (аз синфҳои 5 то 11) саъю ҷадал намояд. Ҳамзамон, мутолиаи нашрияву ҳафтаномаҳо, аз қабили «Пайрав», «Ворисони Сомониён», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Омӯзгор» ва амсоли инҳо  барои такомулу таҳаввули зеҳнии хонандагон ва пайдо намудани иттилоъ аз ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа, дастоварду муваффақиятҳои кишварамон дар соҳаҳои иқтисодиёту саноат, маорифу илму фарҳанг, тандурустиву варзиш ва ғайра кумак мерасонад.
Дар матлаби тавзеҳие, ки аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми кишвар бо номи «Эссе ва навиштани он дар синфҳои 5-11» ба устодону омӯзгорон пешниҳод гардидааст, зикр шудааст:
«Маълум аст, ки тавассути эссе (иншои хурд) қобилияти эҷодкориву маҳорати фикрронии хонанда ва хулосабарории вай санҷида мешавад. Омӯзгорро лозим аст, ки ҳангоми тафтиши эссе ба масъалаҳои зерин: мазмуну мундариҷа, мутобиқати мазмун ба мавзӯъ, риояи қоидаҳои имлоӣ, грамматикӣ, услубӣ, истифодаи аломатҳои китобат ва овардани далел аз асарҳои бадеию таърихиро ба инобат гирад, яъне ба саводнокии хонанда низ баҳо гузошта шавад…»
Дарвоқеъ, мавзӯъҳои тавсиявӣ барои навиштани эссе ҷолибу пураҳамият буда, омӯзгор худ метавонад он мавзӯъҳоро марбут ба синфҳои таълимӣ тасниф ва гурӯҳбандӣ намуда, ҳамчунин, озодона мавзӯъҳои ба худаш писанду мақбулро ба хонандагон пешниҳод кунад. Муҳим он аст, ки омӯзгор чӣ тавр навиштани эссеро ба хонандагон шарҳу тавзеҳ дода тавонад. Як паҳлуи ҳунару маҳорати хонанда ҳангоми таълифи эссе дар он зоҳир мегардад, ки вай бо нақл ё тасвири мавзӯъ, бояд саъю кӯшиш намояд, ки моҳияти мавзӯъро кушода дода тавонад ва ҳамзамон, ба ҷанбаи таҳлилии он диққат намояд. Ҳангоми навиштани эссе кӯшиш бояд кард, ки он аз нақли хушку дилгиркунанда иборат нагардаду тасвир ва таҳлилу хулосабарорӣ мавқеи меҳварӣ дошта бошад. Албатта, ин амали саҳлу осон набуда, аз хонанда заҳмат ва омӯзиши ҷиддию бардавомро тақозо мекунад. Ба шогирдон таъкид намудан лозим аст, ки аз умумигӯӣ дурӣ ҷуста, як лавҳаю лаҳзаи муассиру шавқангезро дар иртибот ба мавзӯи интихобнамудаашон ба риштаи тасвир бикашанд, дар вақти навиштан нафаси гарму оҳанги самимияти баланди онҳо эҳсос карда шавад. 
 
Фахриддин НАЗИРОВ,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики гимназияи Балъамии
шаҳри Ваҳдат