Тағйирот дар нақшаи таълимӣ: омӯзиши технологияи иттилоотӣ дар синфҳои 5-6

04-09-2018
Мусоҳиба бо директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф  ва илми кишвар Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадзода
- Муҳтарам Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадзода! Чунонки огаҳӣ дорем, соли равон дар нақшаи таълимӣ тағйирот ворид карда шудааст. Сабаби ин тағйирот дар чист?
- Бояд хотирнишон кард, ки муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ то имрӯз аз рӯйи нақшаи таълимӣ барои солҳои 2015-2020, ки соли 2015 таҳия ва нашр гардидааст, амал мекунанд. Воқеан, ба нақшаи таълимии номбурда дигаргуниҳо ворид карда шудааст, ки он ба пешрафту рушди ҷомеа ва равандҳои нави омӯзишию таълимӣ вобастагӣ дорад. Пеш аз ҳама, тағйирот дар нақшаи таълимии соли ҷорӣ зиёд кардани соатҳои дарсӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ ба шумор меравад. Айни замон дар синфҳои 5-6 омӯзиши технологияи иттилоотӣ яксоатӣ ба нақша гирифта шудааст. Яъне, буҷаи вақт дар синфи 5 агар дар як ҳафта 25 соатро ташкил медод, ҳамакнун 26 соат ва дар синфи 6 аз 26 ба 27 соат расонда шуд. Ворид намудани тағйироти мазкур дар синфҳои 5-6 бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз 27.07.2018, № 16/32 тасдиқ карда шудааст. 
- Дар масъалаи таълими фанни алифбо ва матни ниёгон низ суолҳо пайдо шудааст. Омӯзгорону устодон аз шаҳру навоҳии кишвар занг зада мепурсанд, ки соатҳои ин фан низ зиёд карда шудааст?
- Дар масъалаи омӯзиши алифбо ва матни ниёгон дар нақшаи таълимӣ барои солҳои 2015-2020 ба таври возеҳу равшан тавзеҳ дода шудааст, ки шурӯъ аз соли таҳсили 2015-2016 ба хонандагони синфи 4 фанни алифбо ва матни ниёгон таълим дода намешавад. Таълими ин фан аз синфи 7 ба роҳ монда мешавад. Хонандагони синфҳои 5, 6, 7 бошанд, дар асоси барномаҳои таълимии қаблан нашргардида омӯзиши фанни зикршударо идома медиҳанд. Дар соли 2018-2019 танҳо ба хонандагони синфи 7 2 соат «Алифбо ва матни ниёгон» омӯзонида мешавад, Яъне, минбаъд ин фан 2 соат дар синфҳои 7-8 таълим дода мешавад.
- Мегуфтед, ки дар иртибот ба гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим китобҳои дарсӣ, дастур ва барномаҳои нави таълимӣ, замимаҳо таҳияву омода ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардидаанд? Умуман, дар ин самт чӣ корҳо амалӣ анҷом дода шудааст? 
- Дарвоқеъ, дар ин бобат корҳо бо як низоми муайян идома доранд.
Мусаллам аст, ки дар синфҳои ибтидоӣ гузариш ба ин низом пурра ба охир расид. Аз рӯйи ҳамаи фанҳо (забони модарӣ, математика, табиатшиносӣ, санъат ва меҳнат, тарбияи ҷисмонӣ, забони хориҷӣ) синфҳои ибтидоӣ ба таълими салоҳиятнок гузаштанд. Китобҳои дарсӣ, раҳнамои омӯзгор, модулҳои таълимӣ ва дигар дастурҳои таълимию методӣ таҳияву нашр ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонда шуданд. Ҳамзамон, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аз курсҳои такмили ихтисос пурра гузаштанд. Гузариш ба ин низом феълан дар синфҳои болоӣ идома дорад. Дар марҳилаи аввал омӯзгорони фанҳои табиӣ- риёзӣ аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ аз 5 фан: биология, физика, химия, технологияи иттилоотӣ, экология ва география гузаштанд. Китобҳои дарсӣ вобаста ба ҷорӣ шудани таълими салоҳиятнок марҳила ба марҳила нашр хоҳанд шуд. Яъне, вақте навбати чопи китоб омад, он вобаста ба талаботи муносибати босалоҳият ба таълим таҳия ва нашр мешавад. Дар ин замина, Роҳнамои омӯзгор ва дигар маводҳои таълимию методӣ низ нашр хоҳанд гардид. 
- Айни замон дастрас нагардидани барномаҳои таълимӣ аз аксарияти фанҳо ба мушоҳида мерасанд. Дар ин самт чӣ иқдоме рӯйи кор оварда шудааст? 
-Дар ҳақиқат, имрӯз аз ҷониби устодону омӯзгорон дар масъалаи дастрас намудани барномаҳои таълимӣ аз фанҳои гуногун шикоятҳо ба чашм мерасанд. Вобаста ба ин, дар асоси супориши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ фармоиши Маркази ҷумҳуриявии методию таълимӣ аз 29 августи соли 2018, №99 ба тавсиб расидааст, ки тибқи он кормандони марказ муваззаф гардонда шудаанд, ки то 1 октяб-ри соли ҷорӣ барномаҳои таълимиро аз ҳамаи фанҳо таҳияву омода ва нашр намуда, дастраси муассисаҳои таълимӣ намоянд, зеро як қатор барномаҳои таълимӣ ҳануз солҳои 2006-2007 нашр гардида, то имрӯз тағйир наёфтаанд. Ин барномаҳо бознашр низ нашудаанд.
- То ҷое огаҳӣ дорем, шурӯъ аз соли нави хониш дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омӯзиши эссе ҷорӣ карда мешавад. Ин масъаларо возеҳтар шарҳ медодед.
- Воқеан ҳам, дар асоси Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми кишвар аз 27.07.2018, №16/31 аз 1 сентябри соли 2018 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 5-11 омӯзиши эссе ҷорӣ карда мешавад. Маркази мо барои навиштани эссе дар синфҳои 5-11 дастури методӣ таҳия намудааст, ки рӯзҳои наздик ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда мешавад. Зимнан, бояд қайд кард, ки дар дастур рӯйхати мавзӯъҳо барои навиштани эссе дар синфҳои 5-11 ва аз кадом ҳисоб ҷудо кардани соатҳо барои он муайяну мушаххас карда шудааст. 
- Як суоли дигар, ки аз пурсишҳои ҳамарӯзаи устодону омӯзгорон бармеояд. Дар масъалаи навиштани нақшаҳои тақвимӣ – мавзӯӣ фикрҳо гуногунанд. Сухан сари он мушкил меравад, ки устодону омӯзгорон ин нақшаро хаттӣ (дастӣ) нависанд ё дар шакли чопи компютерӣ? 
- Аслан дар масъалаи навиштани нақшаҳои тақвимӣ – мавзӯи ба таври дастӣ (хаттӣ) ё чопи компютерӣ санади меъёрии танзимкунанда вуҷуд надорад, вале талаби баъзе раҳбарони таълимгоҳҳо дар хусуси ба таври дастӣ навиштани нақшаи тақвимӣ – мавзӯӣ комилан ғалат аст ва ҳеҷ асосе надорад.
Агар омӯзгор имрӯз имкони ба тариқи компютерӣ (чопӣ) таҳияи нақшаи тақвимӣ – мавзӯӣ ва ё нақшаи яксоатаи дарсиро дошта бошаду аз уҳдаи ин кор барояд, боз беҳтар аст. Вале агар чунин имконият надошта бошад, метавонад онро дастӣ анҷом бидиҳад.
- Дар нақшаи таълимӣ оид ба муҳлатҳои таътил дар давоми соли хониш тағйирот ворид карда шудааст. Ин масъаларо шарҳу тавзеҳ медодед.
- Вобаста ба тағйир додани вақти таътил дар давоми соли хониш ба Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар пешниҳод ирсол шудааст. Дар иртибот ба ворид намудани тағйирот ба рӯзҳои таътил дар Стандарти таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ба вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шудааст. Дар назар дошта шудааст, ки таътилҳои тирамоҳӣ, зимистонӣ ва баҳорӣ чун пештара ҷорӣ карда мешавад.
Мусоҳиб Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»