ТАҚДИМИ “ТОҶИКОН” БА СОКИНОНИ РОШТҚАЛЪА: ИҚДОМЕ, КИ ШОИСТАИ ТАҲСИН ВА ХОТИРААШ МОНДАГОР АСТ

24-12-2020
   24-уми декабри соли равон аз ҷониби гурӯҳи кории ҳукуматӣ ба сокинони ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” тақдим гардид.
   Зимни тақдим намудани ин асари гаронбаҳо, ки таърихи амиқи мардуми шарафманди тоҷикро бозгӯ мекунад, гурӯҳи кории ҳукуматӣ дар ҳайати намояндагон аз  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илм ширкат намуданд.
  Қайд гардид, ки бо мақсади омӯзиши таърихи халқи тоҷик аз номи Пешвои миллат тақдим гаштани шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” ба ҳар як хонаводаи кишвар иқдоми шоистаи таҳсин ва хотирааш барои муддатҳои тӯлонӣ боқӣ мемонад.
   Гуфта шуд, ки сокинони ноҳияи Роштқалъа бо ба даст овардани ин ҳадяи гаронарзиш бо ҳисси қаноатмандиву хушҳолӣ арзи сипосу садоқати хешро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.
   Ҳамчунин, ҳайати гурӯҳи корӣ бо мардуми ноҳия атрофи масъалаҳои истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, истифодаи босамар ва оқилонаи заминҳои наздиҳавлигию ёрирасон, таълиму тарбияи дурусти фарзандон, саҳмгузорӣ дар ободониву пешрафти диёр, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангии сарзамин ва амсоли инҳо ҳамсуҳбат шуданд.
   Ҳамзамон, дар доираи сафари корӣ, муовини вазири маориф ва илм Н.Собирзода дар ҷаласаи Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ширкат намуда, ба як қатор омӯзгорон барои саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас ва рушди соҳаи маориф нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илмро тақдим намуд.
 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон