ТАҚДИМИ МАВОДИ САНИТАРӢ-ГИГИЕНӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

14-04-2021
14-уми апрели соли равон ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии  Фонди Xylem, ИМА дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаб-интернати махсуси ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони кару гунги ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи Нақшаи умуҷумҳуриявии назорат ва пешгирӣ аз сироятёбӣ маводи зарурии санитарӣ-гигиенӣ тақдим намуд.
Дар маросими тақдимнамоӣ Латофат Назирӣ- муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Алберто Бянколи-мудири шуъбаи маорифи намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Зайнаб Ал-Аззави- намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Энтони Асие- мудири бахши тандурустӣ ва як қатор хонандагону омӯзгорони муассисаи мазкур иштирок карданд. 
Латофат Назирӣ-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки вазорат кӯшишҳои ЮНИСЕФ ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла ҳукумат, шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусиро дар самти беҳтар намудани муҳити таълим дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва таъмини амнияти кӯдакон қадр мекунад. Аз ин рӯ, мо бояд дар ҳамбастагӣ ба таҳсилоти кӯдакон афзалият диҳем.
Ҳамчунин, Алберто Бянколи изҳор дошт, ки дастрасӣ ба хизматрасониҳо ва маводи санитарӣ-гигиенӣ дар муассисаҳои таълимӣ бояд боз ҳам беҳтар карда шавад, то хавфи сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID-19 пешгирӣ карда шавад. Риояи шартҳои оддӣ, ба мисли шустани дастҳо ва риояи гигиенаи шахсӣ хавфи паҳншавии сироятҳоро коҳиш медиҳад.
Гуфта шуд, ки ин иқдом дар 100 муассисаи таълимии кишвар амалӣ гардида, маводи мазкур барои мусоидат ва тарғиби беҳдошти саломатӣ тавассути шустани дастҳо, тоза ва безараргардонии биноҳои таълимӣ, таъмин намудани таҷҳизот барои истифода ва нигоҳдории иншооти санитарӣ-гигиенӣ, воситаҳои муҳофизатии шахсӣ барои кормандони муассиса равона шудааст ва тақрибан 38 ҳазор омӯзгор ва хонандагон, аз ҷумла маъюбон аз ин дастгирӣ баҳра хоҳанд бурд.
Дар идомаи чорабинӣ, намояндагон аз рафти гузаронидани машғулиятҳои тарбиятгирандагон дидан намуданд ва  бо онҳо дар фазои озод суҳбат анҷом доданд. Инчунин, хонандагони муассисаи мазкур  барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ таҳиякардаи худро ба ҳозирин пешкаш карданд. 
Азизаи Сафоназар