ТАҚДИМИ КӮМАКПӮЛӢ БА СОБИҚАДОРОНИ ҶБВ

06-05-2021
Дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ва бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони баруманди миллат-иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба муносибати тачлили 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумаки пулии яквақта ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Файзобод ва Сангвор расонида шуд.
Рӯзҳои 5-6-уми майи соли чорӣ кумакҳои мазкурро аз номи Пешвои муаззами миллат муовини вазири маориф ва илми Чумҳурии Точикистон Нуралӣ Собирзода дар якчоягӣ бо намояндагони мақомотҳои ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияи номбаршуда ба собиқадорони ҶБВ Табаров Маҳмадалӣ-сокини ноҳияи Файзобод, Тошев Шерон ва Бобиев Мумин-сокинони шаҳри Ваҳдат, Одинаев Назар ва Умедов Достӣ-сокинони ноҳияи Сангвор супорида, ҳамзамон, масъулин дар ҳошияи дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат чиҳати ҳаллу фасли саривақтии дархосту пешниҳодҳои онҳо изҳори омодагӣ намуданд. 
Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илм зимни аёдати собиқадорон изҳор дошт, ки иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамзамон, оилаҳои онҳо зери пуштибонии доимии давлату Ҳукумат қарор дошта, ҳамасола аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди Ғалаба бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли чорӣ тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.04.2021, №АП-60 ба ҳар як иштирокчӣ ва маъюби ҶБВ   кумакҳои пулӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон