ТАҚДИМИ КИТОБИ “ТОҶИКОН”-И АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ

03-12-2020
 
   Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад. Чанде пеш ин туҳфаи пурарзиши Пешвои миллат бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ фиристода шуд.
   Имрӯз тақдими китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба сокинони ноҳияи Мурғоб шурӯъ гардид. Туҳфаи Пешвои миллатро Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабзода Ҳусния-раиси ноҳияи Мурғоб, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба аҳолии ноҳия тақдим медоранд.
   Тавре Н.Собирзода иттилоъ дод, барои аҳолии ноҳияи Мурғоб 3800 китоб ҷудо шудааст, ки он ба дасти ҳар як хонавода расонида мешавад.
  Ҳамчунин, дар доираи ин сафар муовини вазири маориф ва илм бо намояндагони маорифи ноҳияи Мурғоб вохӯрӣ анҷом дода, аз шароити корӣ ва вазъи соҳаи маориф аз наздик шинос гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон