СОЗИШНОМА ОИД БА САҲМГУЗОРӢ БАЙНИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД ТАВАССУТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАМОЯНДАГИИ ХАЗИНАИ КӮДАКОНИ СММ ДАР ТОҶИКИСТОН (ЮНИСЕФ) БА ИМЗО РАСИД

20-10-2020
20-уми октябри соли 2020 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишнома оид ба саҳмгузорӣ байни Бонки исломии рушд тавассути Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) баргузор гардид. Дар ҳамоиш Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм ва Осама Маккави-сардори Намояндагии ЮНИСЕФ, инчунин ҷаноби Иброҳим Шукри-роҳбари Бонки Исломии Рушд барои Осиёи Марказӣ аз дафтари ш.Алмато ва Тариқ Муҳаммадхон-сармутахассиси соҳаи маорифи Шарикии Глобалӣ дар соҳаи маориф ва сарпарасти барномаҳои Тоҷикистон ба таври фосилавӣ ширкат ва суханронӣ намуданд. 
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи барномаи муштарак Бонки Исломии Рушд ҳамчун шарики боэътимоди глобалии соҳаи маориф ба ҳайси маблағгузор баромад намуда, татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маорифро бо дастгирии ЮНИСЕФ амалӣ хоҳад кард.
Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм зимни суҳбат зикр кард, ки бо дастгирии ЮНИСЕФ ва дигар ҳамкорони рушд Стратегияи рушди маориф барои давраи то соли 2030 омода гардида, айни ҳол гурӯҳи коршиносон масъалаи мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалиро баррасӣ намуда истодаанд.
-Дар баробари ин, Вазорати маориф ва илм шарафёб аз он аст, ки ЮНИСЕФ ба ҳайси мақоми ҳамоҳангсози дигар шарикони рушд оид ба масъалаҳои маориф мебошад ва моро дар робита ба ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд дастгирӣ менамояд,-қайд кард вазири маориф ва илм.
Осама Маккави-сардори Намояндагии ЮНИСЕФ таъкид намуд, ки ҳар як кӯдак ҳуқуқ ба таҳсилоти босифат дорад. Шарикии бисёрҷабҳа бо Вазорати маориф ва илм, Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ва Бонки исломии рушд ба кӯдакон, хусусан кӯдаконе, ки дар ҷомеаҳои канормонда зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла кӯдакони дарканормонда дар саросари кишвар аз давраи хурдсолӣ то наврасӣ дастрасии баробар ба таҳсилоти босифатро дарёфт менамоянд.
-Бонки Исломии Рушд дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи Тоҷикистон таҷрибаи дерина дорад. Мо бо Шарикии Глобалӣ оид ба таълим баҳри истифодаи захираҳо ва таҷриба барои таъмини дастрасӣ ба таҳсилоти босифати ибтидоӣ ва миёна дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ тавассути мутобиқ намудани таҳсилот ба иқтисодиёти миллӣ ва тибқи рушди ҷаҳонӣ содиқона ҳамкорӣ менамоем. Стратегияи нави мо дар соҳаи таҳсил гузариш аз мафҳуми дарс ба таълими амиқро талқин менамояд. Ин лоиҳаи муштарак имкон медиҳад, ки ин корҳоро дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ва дигар ҷонибҳои манфиатдори Тоҷикистон анҷом диҳем,-таъкид доштанд намояндагони Бонки Исломии Рушд.
Бояд қайд кард, ки дар доираи созишнома ЮНИСЕФ Вазорати маориф ва илмро тариқи барномаи 4-сола, ки ба таҷдиди муҳтавои маводҳои таълимӣ ва такмили натиҷаҳои таҳсил равона шудааст, дастгирӣ менамояд. Барнома маҷмӯи чорабиниҳои ба таъмини сифати таълим равонашударо дар бар мегирад. Он тавассути таъмини таҳсилоти фарогир, такмили бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси муаллимон ва мусоидат намудан ба таҳияи маводҳои муосири таълимӣ барои кӯдакон дар ноҳияҳои озмоишӣ равона мешавад.