Рушди маориф ва илм дар сӣ соли истиқлол

10-09-2021
10-уми сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “30 соли рушди маориф ва илм дар партави Истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид, ки дар он Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсат, шуъба, бахш ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок доштанд. 
Дар оғоз М. Имомзода таъкид намуд, ки истиқлол ифтихору сарбаландии ҳар фарди ватандӯст, бахусус, кормандони соҳаҳои маориф ва илм ва наврасону ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ, ин сарвати бебаҳо – истиқлолу озодиро ҳифз намоем. 
Сипас, муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён перомуни  рушду пешрафти соҳаҳои маориф ва илм дар замони соҳибистиқлолӣ  суханронӣ кард. Мавсуф таъкид кард, ки бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои маориф ва илм  тадриҷан рушду такомул меёбанд. Дар ин давра барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот китобу маводи таълимӣ таълиф гардид. Таҳияи стандартҳои давлатии таҳсилот, низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагону донишҷӯён, таъсиси марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабию марказҳои дарёфти рушди истеъдодҳо, инноватсионию технологӣ, илмӣ, озмоишгоҳҳо, нуқтаҳои маълумотдиҳӣ, гузаштани муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба шакли нави идоракунӣ, таҳким бахшидани низоми такмили ихтисос ва хадамоти методӣ ба баланд гардидани сатҳу сифати таҳсилот мусоидат кард. Инчунин,  ҳаракати олимпӣ дар кишвар вусъат ёфт ва дастовардҳои хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ назаррас  мебошад.
Илҳом Камолзода – сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорат доир ба тақвияти равобити байналмилалии Вазорати маориф ва илм бо мамолики хориҷӣ дар замони соҳибистиқлолӣ суханронӣ кард.
Дар охир барои хизматҳои шоистаашон ба як қатор кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон тақдим карда шуд. 
Бахтовар Сафаров