РӮНАМОИИ КИТОБИ “НАХУСТИН НОЗИРИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН” ВА ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ “ҶОИЗАИ АББОС АЛИЕВ”

16-05-2022
16-уми майи соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили рӯнамоии китоби “Нахустин нозири маорифи Тоҷикистон” ва натиҷагирӣ аз озмуни маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” барои дарёфти “Ҷоизаи Аббос Алиев” дар соли 2021 доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини вазир Лутфия Абдулхолиқзода, собиқ вазирони маориф ва илми кишвар, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, ғолибони озмун ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии кабию намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. 
Нахуст, Р. Саидзода-вазири маориф ва илм зимни суханронии хеш иброз дошт, ки дар солҳои сарнавиштсози бистуму сиюми қарни ХХ сарварони сиёсии равшанфикру ватандӯст амсоли Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, инчунин зиёиёни огоҳу бедордили миллати мо, аз қабили устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Саидризо Ализода, Аббос Алиев ба пуштибонии миллат ва ҳифзи манфиатҳои он бархостанд. Фаъолияти нахустин нозир (вазир)-и маорифи халқи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Аббос Алиев аз оғоз то охири умр бо маориф ва илм пайванди ногусастанӣ дошт. 
- Бояд гуфт, ки Аббос Алиев яке аз поягузорони матбуоти миллӣ маҳсуб мешавад ва ӯ муҳаррири масъули аввалин рӯзномаи давлатии Тоҷикистон “Иди тоҷик” (минбаъд “Бедории тоҷик”) буд, ки алъон номи “Ҷумҳурият”-ро дорад. Маҳз бо ибтикори ӯ аввалин нашрияи соҳавии маориф – маҷаллаи “Дониш ва омӯзгор” таъсис ёфт, ки нахустин маҷалла дар кишвари мо маҳсуб мешавад ва муҳаррири масъули он низ нозири маориф Аббос Алиев буд. Ин маҷалла бо мурури замон борҳо тағйири ном намуд ва айни ҳол бо номи “Маърифати омӯзгор” фаъолият дорад. Ҳамчунин, бо саъйи сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” Шодӣ Шокирзода китоби “Нахустин нозири маорифи Тоҷикистон” таълиф ва чоп гардид, ки ба зиндагинома, фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмиву адабии Аббос Алиев бахшида шудааст. Умедворам, ки мутахассисони соҳа арзишу моҳияти ин рисоларо ба гунаи саҳеҳ барои мо бозгӯ менамоянд, - зикр кард вазири маориф ва илм. 
Сипас, сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” ва муаллифи китоби “Нахустин нозири маорифи Тоҷикистон” Шодӣ Шокирзода қайд кард, ки нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» бо мақсади татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои маориф, илм, адабиёт ва матбуот дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои пажуҳишҳои таълимию методӣ, инчунин асарҳои илмиву публитсистӣ ва адабие, ки баҳри баланд бардоштани савияи худогоҳиву хештаншиносии насли наврас таъсиргузоранд, ҳамзамон ба хотири гиромидошти аввалин нозири маорифи Тоҷикистон ва профессори тоҷик, яке аз бунёдгузорони матбуоти миллӣ Аббос Алиев “Ҷоизаи Аббос Алиев”-ро таъсис дода буд. Низомномаи озмуни мазкур бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми кишвар моҳи июни соли 2021 тасдиқ гардид ва он дар ду сол як маротиба баргузор мегардад. Ҷоизаи мазкур дорои шаҳодатнома, нишон ва маблағи пулӣ мебошад. 
Дар идома, Нуъмонҷон Ғаффорӣ - доктори илмҳои таърих, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва Ноилшо Нурализода - сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор” вобаста ба китоби “Нахустин нозири маорифи Тоҷикистон” андешаҳои худро манзур намуданд. 
Ёдовар мешавем, ки ба озмуни маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” барои дарёфти “Ҷоизаи Аббос Алиев” дар соли 2021 10 нафар довталаб мавод пешниҳод кард ва баъд аз омӯзишу хулосаи кумитаи тадорукоту аъзои ҳакамон 4 нафар ғолиби озмун дониста шуд. Аз ҷониби вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ба Муҳаммад Лутфуллозода-академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон барои силсилаи асарҳо вобаста ба педагогикаи миллӣ, Абдулҳай Комилӣ-профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои силсилаи асарҳо роҷеъ ба зиндагинома ва осори чеҳраҳои бузурги илму адаби тоҷик, Мамадҷон Маҳкамов-дотсенти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ барои силсилаи асарҳои илмиву методӣ аз риёзиёт ва Азим Байзоев-ходими калони илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон барои китоби “Масъалаҳои мубрами соҳаи маориф” “Ҷоизаи Аббос Алиев” тақдим карда шуд. Инчунин, ду нафар иштирокчии озмун - Азизбек Зумратов ва Шамсиддин Тоштемиров-омӯзгорон аз шаҳри Душанбе бо “Сипоснома” сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон, дар қатори иштирокдорону ғолибони озмун, бо пешниҳоди кумитаи тадорукот ва ҳайати эҷодии маҷалла собиқ вазирон ва нафароне, ки дар рушди маорифи миллӣ саҳми шоиста гузоштаанд, бо “Ҷоизаи ифтихории Аббос Алиев” мукофотонида шуданд. Аз ҷумла, собиқ вазирони маориф Талбак Назаров, Бозгул Додхудоева, Мунира Иноятова, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Нуриддин Саид, Муҳаммадюсуф Имомзода ва собиқ муовини вазири маориф Ирина Каримова соҳиби “Ҷоизаи ифтихории Аббос Алиев” гардиданд.
БАХТОВАР САФАРОВ, 
корманди маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илм