ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЭҲЁИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН

30-10-2019
29-уми октябри соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат ва эҳёи тамаддуни тоҷикон» баргузор гашт.
Дар конференсия муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Аҳмадзода, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм Н. Сайдализода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон М. Шарифзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳии худ М. Шарифзода аз саҳми беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу суббот ва рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи маориф ва илм ибрози андеша намуд.
Н. Сайдализода дар маърӯзааш қайд намуд, ки мояи ифтихор аст, ки тарҳи сиёсати кишвари соҳибистиқлоли мо бар пояи андешаи расои миллӣ, эҳёи маънавию фарҳангӣ ва худшиносии таърихӣ бунёд ёфтааст. Пешвои мо парчамбардори нангу номуси миллӣ ва дурахшонтарин шахсияте ҳастанд, ки рисолати муқаддаси худшиносиву хештаншиносии миллӣ дар саропои фитраташон бо шукӯҳи тамом таҷаллӣ кардааст. 
Дар идомаи конференсия иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон-кафили сулҳу суббот, амнияти миллӣ ва сиёсатмадори ҷаҳонӣ», «Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва дурнамои рушди Тоҷикистон аз дидгоҳи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон», «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон-посдори таърих ва эҳёгари арзишҳои миллӣ», «Саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳадафҳои Пешвои миллат дар рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Пешвои миллат ва масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалии замони муосир» маърӯза намуданд.
Дар охири конференсия таъкид шуд, ки маърӯзаҳои ироашуда дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо чоп ва дастраси иштирокчиён гардонида мешавад.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО