ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ДУНЁИ КӮДАКИИ МАН” ДОИР ГАРДИД

19-11-2020
   19-уми ноябри соли ҷорӣ бахшида ба 31-умин солгарди қабули Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ даври ҷумҳуриявии озмуни фосилавии расм ва видеоролики беҳтарин дар мавзӯи “Дунёи кӯдакии ман” дар ҳамкорӣ бо телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” ва дастгирии техникии ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
   Дар озмуни мазкур намояндагон аз Вазорати маориф ва илм, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, Донишкадаи дизайн ва санъати тасвирии Тоҷикистон, ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” ширкат намуданд.
  Гуфта шуд, ки даври якуми озмун дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ доир гашт, ки дар натиҷаи он расм ва видеороликҳои беҳтарини хонандагон ба даври ҷумҳуриявии озмун пешниҳод карда шуд.
  Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон аз рӯйи номинатсияи расми беҳтарин 3 нафар сазовори ҷойи якум, 4 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 5 нафар сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд. Дар номинатсияи видеоролики беҳтарин бошад, 2 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм муайян карда шуд. 
   Гуфта шуд, ки пас аз ҷамъбаст ғолибон бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукоти озмун ва “Ифтихорнома”-ҳои Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ сарфароз гардонида мешаванд. 
   Ба иттилои Умед Сафарзода, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии хонандагон ва ба ин васила, дар замири онҳо тарбия ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ, тарбияи насли  наврас дар руҳияи созандагиву бунёдкорӣ мебошад.
Суннатуллоҳи Мирзо