Озмуни “Навовари беҳтарин” ҷамъбаст гардид

09-07-2021
2–юми июли соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии олимони ҷавон “Навовари беҳтарин” баргузор гардид. 
Дар озмуни мазкур 44 нафар намояндаи 16 муассисаи таҳсилоти олии кишвар иштирок варзиданд, ки намояндагони 8 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сазовори ҷойҳои ифтихории якум, дуюм ва сеюм гардиданд.
Тибқи талаботи Низомномаи озмун ва муқаррароти Кумитаи тадорукот озмун дар се самт: самти илмҳои табиӣ – риёзӣ, физика, техника ва технология, самти илмҳои табиӣ – биологӣ, химия ва тиб ва самти информатика доир гардид, ки тибқи натиҷаи хулосаи комиссияи озмунӣ Манучеҳр Шоев аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Олимҷон Бобиев аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Фирӯзи Сулаймони Давлатзода аз Донишгоҳи давлатии Данғара сазовори ҷойи якум гардиданд. Ҷойҳои дуюм насиби Низомиддин Хайруллозода аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Ҷамшед Давлатов аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Ҷаҳонгири Абдулвоҳид аз Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон гардид. Маҳноза Кабирова ва Муҳаммад Таиров аз Донишгоҳи милии Тоҷикистон ва Аминҷон Назаров аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Бояд гуфт, ки ғолибони озмуни олимони ҷавон “Навовари беҳтарин” бо “Диплом” ва мукофотпулӣ ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо “Ифтихорнома”–и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ шуданд. 
Инчунин, дар рафти озмун изҳор дошта шуд, ки озмуни имсолаи олимони ҷавон “Навовари беҳтарин” аз озмуни солҳои пеш тафовут дорад, чун ки дар маводи ба озмун пешниҳодгардида навҷӯиву навоварӣ бештар ба назар расид. Ҳамчунин, имсол Кумитаи тадорукоти озмун тасмим гирифт, ки бо мақсади таъмини шаффофият, воқеият ва воқеъбинона гузаронидани озмун ба сифати Комиссияи экспертӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки иштирокчӣ надоштанд, намояндагонро ҷалб намояд.
Бахтовар Сафаров