ОЗМУНИ “МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН - 2019” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

10-01-2020
10-уми январи соли 2020 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон - 2019” ҷамъбаст гардид. Дар маросими ҷамъбастии озмун Л. Назирӣ-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати ҳакамон озмунро натиҷагирӣ намуда, ғолибони даври ниҳоиро эълон намуданд. 
Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон Нурматова Розия – мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №15-и шаҳри Конибодом, Қудратова Марҳабо – мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии № 72-и шаҳри Душанбе ва Атомамадова Ангома-мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони ВМКБ бо гирифтани 207 хол сазовори ҷойи аввал, Тағоева Ойтилло – мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и шаҳри Бохтар бо гирифтани 190 хол сазовори ҷойи дуюм ва Сатторова Шабнам–мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1 ноҳияи Шаҳринав бо гирифтани 185,5 хол сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Зимни ҷамъбаст зикр гардид, ки дар таърихи баргузории озмуни “Мураббияи соли Тоҷикистон” бори аввал намоянда аз марказҳои инкишофи кӯдак ширкат намуданд. 
Ғолибон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоиза, нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ифтихорнома, роҳхат барои осоишгоҳ ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмун рӯзи 8-уми январ оғоз гардида, давоми ду рӯз иштирокчиён тибқи шартҳои муайяншудаи Низомномаи озмун ҳунару маҳорати худро санҷиданд.