Озмуни довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ҷамъбаст гардид

20-07-2018
Рӯзҳои 19-20-уми июли соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра доир гардид. 
Тибқи иттилои сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ Қ.Муҳиддинов аз 64 довталаби ҳуҷҷат пешниҳод намуда ҳуҷҷатҳои 24 нафар бинобар сабаби мувофиқат накардан ба тартиби озмун бозпас гардонида шуда, 40 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар озмун ширкат варзиданд. Довталабон дар ду давр қувваозмоӣ намуда, донишу маҳорати худро санҷиданд ва ба даври дуюм 18 нафар роҳхат гирифт.  
Дар асоси қарори Протоколи маҷлиси гурӯҳи корӣ аз 20.07.2018, №3 оид ба натиҷаи санҷиши корҳои хаттӣ ва саволномаҳои тестии Озмуни довталабони аттестати аълои униперсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра Абдухолиқзода Дилафзо - хатмкардаи литсейи №55 шаҳри Душанбе, Забиров Шоҳрух - хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 шаҳри Душанбе ва Мансурова Моҳирахон - хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 шаҳри Душанбе бо аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло, Ҷӯраев Матин - хатмкардаи литсейи №1 шаҳри Хуҷанд, Ҳакимов Муҳаммадҷон - хатмкардаи литсейи №1 шаҳри Хуҷанд ва Насимов Бунёд - хатмкардаи литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло, Раззоқов Шаҳзод - хатмкардаи литсейи №1 шаҳри Хуҷанд, Олимова Фараҳноз - хатмкардаи литсейи №1 шаҳри Хуҷанд , Маисуров Бсҳрӯз - хатмкардаи литсейи №1 шаҳри Хуҷанд, Исмоилова Шоҳина - хатмкардаи литсейи №1 шаҳри Хуҷанд бо аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали нуқра, Ҳикматова Шаҳноза - хатмкардаи литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Ҷунайдов Шоҳрӯз - хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ноҳияи Айнӣ , Дадобоев Бахтиёр - хатмкардаи гимназияи «Гёте»-и шаҳри Хуҷанд, Зарифова Мадина - хатмкардаи гимназияи №24 шаҳри Хуҷанд, Муродов Хуршед - хатмкардаи гимназияи №1 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Султонова Фарзона - хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 шаҳриХуҷанд, Ҳусейнов Далер - хатмкардаи литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Садиров Ҳикматулло - хатмкардаи литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои иштироки фаъолона бо Сипосномаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.