Озмуни «Донишва ҳунар» ва «Пасандоз» дар истироҳатгоҳи«Гулхан»

09-08-2018
Тибқи нақшаи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таътили тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳрӣ озмуни «Донишва ҳунар» доир гардида истодааст.     7-уми августи соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи «Гулхан» ду озмун-«Дониш ва ҳунар» ва «Пасандоз» гузаронида шуд. 
Ин озмун барои бедор кардани шавқу рағбати кӯдакон ба китобу ҳунар, фарҳангу таърихи ниёгон, ҳисси миллӣ, дӯст доштани Ватан кӯмаки беандоза мерасонад. Дар рафти озмун иштирокчиён маҳорати ҳунарпешагӣ, суханварӣ ва ҳозирҷавобии худро ба тамошобинон нишон медиҳанд. Озмун аз чор шарт иборат буда, шарти якум саҳнача аз рӯи китобҳои хондашуда, шарти дуюм байт барак, сеюм саҳначаи ҳаҷвӣ ва чаҳорум виктарина аз фанҳоизабон ва адабиёти тоҷик гузаронида мешавад. Дастҳои ғолиб аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд. 
Муассиса нақшадорад, ки то охири таътили тобистонаи кӯдакон озмуни «Дониш ва ҳунар»-ро дар тамоми истироҳатгоҳҳои амалкунандаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронад.