ОҒОЗИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНҲОИ “РАССОМИ БЕҲТАРИН” ВА “САРОЯНДАИ БЕҲТАРИН” МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ ДАР СОЛИ 2023

23-05-2023
23 майи соли равон дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ таҳти унвони “Рассоми беҳтарин” ва “Сарояндаи беҳтарин” баргузор гардид. Дар он сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Довуд Ализода, муовини раиси шаҳри Истаравшан Фирӯза Муъминзода, намояндаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муаззама Абдуваҳобова, кормандони раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати ҳакамон иштирок намуданд.
Дар маросими кушодашавии озмун сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Довуд Ализода, муовини раиси шаҳри Истаравшан Фирӯза Муъминзода, сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Ҷалолиддин Амиров суханронӣ намуда, ҳадафи асосии баргузории онро дарёфти истеъдодҳои ҷавон, тарғиби санъати асили миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани маънавиёти насли наврас арзёбӣ кард.
Мавриди зикр аст, ки дар озмуни мазкур 35 нафар иштирокчӣ аз 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз рӯи 5 номинатсияи озмуни “Сарояндаи беҳтарин” ва 7 номинатсияи озмуни “Рассоми беҳтарин” байни ҳам сабқат менамоянд.
Ҷамъбасти озмунҳои мазкур пас аз натиҷагирии он баргузор мешавад.  

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон