ОҒОЗИ БАРГУЗОРИИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ ВА АЗ СИНФ БА СИНФ ГУЗАРОНИДАН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ

03-06-2023
Тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2023, №175 аз 3-юм то 15-уми июн дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар аттестатсияи хатм ва аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагон ҷараён дорад.
Имрӯз муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо мақсади шинос шудан бо рафти баргузории аттестатсияи хатм ва аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагон аз муассисаҳои таълимии №№41, 31, 29 ва 39-и шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуд. Маълум гардид, ки имтиҳонҳо дар муассисаҳои мазкур тибқи ҷадвали тасдиқгардида бардавом баргузор гардида истодаанд.
Назорати рафти баргузории аттестатсияи хатм ва аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагон дар муассисаҳаои таълимии кишвар дар рӯзҳои минбаъда низ дар назар аст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
ҶумҳурииТоҷикистон