ОМӮЗГОРОН РОҲНАМОИ БОЭЪТИМОДИ ҶОМЕААНД

30-09-2022
Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Саидзода Раҳим Ҳамро ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон
Устодони арҷманд!
Муҳтарам аҳли маориф!
Басо хушоянду фараҳбор аст, ки дар диёри соҳибистиқлоли мо Рӯзи омӯзгорон муқаррар шудааст ва он ҳамасола дар рӯзи якшанбеи нахустини моҳи октябр таҷлил мешавад. Таҷлили ин фархундарӯз худ далели барҷастаи эҳтирому эътиқод ва самимият ба омӯзгор ва пешаи наҷиби ӯст. Халқи тоҷик табиатан ихлосманди устодон аст ва бо онҳо бо камоли бовару эътимод муроҷиат мекунаду ҳама корро бо дасти  дуои устодон ва бо ҳидояти онҳо оғоз мебахшад. Адабиёти  ғанию пурмуҳтавои тоҷик далели дигари эҳтиром нисбат ба устодон аст. Бузургони дунёи адаб омӯзгорро «машъалафрӯзи маърифат», «махзани илму дониш» ва «раҳнамои боэътимоди ҷомеа» хондаву равшании рӯзгорро бо ҳастии ӯ тавъам донистаанд.
Аслан мақому мартаба, обрӯю эҳтироми омӯзгор дар ҳеҷ як замоне коҳиш наёфтааст, вале дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон устодон бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд ва мақомашон боз ҳам боло рафт. Силсилаи қарору асноде, ки ҳанӯз дар нахустмарҳилаи соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон ба тасвиб расиданд, марбут ба дастгирии омӯзгорон ва бузургдошти онҳо буданд.
Ба шарофати истиқлол дар кору фаъолият ва афкори омӯзгорон таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуқуъ пайваст, масъулияту мустақилияти эшон бештар гашт. Омӯзгорон дарси худро бо андешаву ифтихороти миллӣ, бо худшиносии миллӣ созгор намуданд ва ба вижа, дар ҷабҳаи тарбияи ватандӯстиву ватанпарварии шогирдон имконоти фаровон дарёфтанд. Ин вазъи хушоянду судманд мақому мартаба ва эҳтироми омӯзгорони арҷмандро дар назди ҷомеа, дар назди аҳли Ватанамон боз ҳам тақвият бахшид.
Боиси ифтихору қаноатмандӣ ва сипосгузории ҳар яки мост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи хеш ба соҳаи маориф афзалият бахшидаанд ва омӯзгорро маҳбубтарин шахси ҷомеа донистаанд. Сарвари кишварамон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба мактабу маориф ва ба ҳаёту фаъолияти омӯзгорон доранд ва ба ҳукми анъана зимни тамоми сафарҳои хеш ба манотиқи гуногуни мамлакат, пеш аз ҳама, бо омӯзгорон суҳбату мулоқотҳо меороянд, арзу ниёзашонро бо диққати тамом мешунаванд ва онҳоро дастгирию роҳнамоӣ мекунанд. Пешвои миллати тамаддунпарвари мо омӯзгорро «шаҳсутуни низоми таълиму тарбия» ва пешаи омӯзгориро «муқаддастарин касби рӯи замин» тавсиф бахшида, ҳамчунин, бо самимияти баланду эҳтирому эътиқоди саршор иброз доштаанд: «Омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад». Воқеан ҳам, омӯзгор шоиста ба ҳама гуна ситоишу гиромидошт аст ва дар ҷомеа рисолати бузургеро дорост; тарбияву таълими наврасону ҷавонон, созандагони фардо, дар рӯҳияи ватандӯстиву сулҳпарварӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва дӯстиву созандагӣ аз муҳимтарин ва пуршарафтарин вазифаҳои ӯ ба шумор мераванд. Омӯзгор таълимгару тарғибгари рӯзгорони ободу осоишта, пайвандгари наслҳо буда, ҳамеша дифоъ аз манфиатҳои умум мекунад, мушкилоти ҷомеаро гиреҳкушоӣ ва ҳамагонро ба ҳаёти саодатмандона роҳнамоӣ менамояд.
Омӯзгорони матиниродаву собитқадам ва хирадсолори диёри бостонии мо тавассути фаъолияти бавусъату густурдаву фарогирашон дар раванди татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф обрӯву эътибори хешро афзунтар намудаву ба комёбиҳои шоиста ноил мегарданд. Солҳои охир омӯзгорони таълимгоҳҳои кишвар дар ҷодаи татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ, такмили сатҳи саводнокии шогирдон, таҳрири тозаи барномаҳои таълимии фанҳо, таҳияи китобҳои дарсии бозгӯи талаботи замон, корбасти усулҳои фаъоли таълим, истифодаи ҳадафгиронаи воситаҳои техникӣ ва амсоли инҳо ба комёбиҳои чашмгир ноил гардиданд.
Иштироки фаъолонаи омӯзгорони ватанпарвари мо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат низ давра ба давра вусъат меёбад. Онҳо дар кулли чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, дар ҳимояи манфиатҳои ҷумҳурӣ тавассути маҳфилу ҳамоишҳо, дар таҷлили ҷашнвораҳову рӯзҳои таърихӣ, дар посдории сулҳу ваҳдат ва муқаддасоти миллат ва дар муаррифии шоисати Ватани фархундаамон ба ҷаҳониён фаъолияти хастагинопазир доранд. Омӯзгорон тарғибгари рӯзгорони ободу осоишта буда, дар тамоми лаҳзаҳои ҳасос барои бартарафсозии ҳама гуна ихтилофот мекӯшанд, аз манфиатҳои халқу Ватан дифоъ мекунанд ва роҳҳои ҳалли мушкилотро дармеёбанд. Онҳо дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, амалисозии нишондодҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф ва Солҳои рушди саноат нақши сазовор мегузоранд.
Заҳмати омӯзгор дар назди давлат эътибори бузург дорад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбяии фарзанд», як қатор барномаҳои давлатӣ, стандартҳои таҳсилот барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, қабули низомномаҳо, таваҷҷуҳ ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, интихоби беҳтарин роҳҳои таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бунёду таъмири мактабҳо, ҳамасола баланд шудани музди меҳнати омӯзгорон, қадршиносии аҳли таълиму тарбия бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофотҳои соҳавӣ аз ҷумлаи омилҳои муассиреанд, ки бо мақсади дастгирии омӯзгорон ва такмил бахшидани шароити фаъолияти онҳо корбаст шудаанд.
Гузашти айём, равандҳои ҷаҳони муосир ва масъулият барои имрӯзу фардои миллат дар назди омӯзгорони шарафманду садоқатоини мо вазифаҳои боз ҳам бештар масъулиятбору ҷиддитареро мегузоранд. Омӯзгоронро мебояд, ки ҳамеша ҳамқадами замон бошанд, сатҳи сифати таълиму тарбияро пайваста баланд бардоранд, усулҳои фаъоли таълимро корбаст намоянд ва барои ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани таҳсилот дар кишварамон ҳамвора кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Эътимоди комил дорем, ки омӯзгорони боғайрату тозакор ва собитқадаму хирадманди мо мутобиқ ба ин ҳама талаботу рӯҳияи даврон фаъолияти худро пайваста тақвият мебахшанд ва парчами маърифатро боз ҳам баландтар меафрозанд.
Тамоми устодону омӯзгорони ҷумҳурии азизамон ва кулли алоқамандони соҳаи маорифро ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон самимона табрику таҳният мегӯям ва таманнои онро дорам, ки ҳамеша тансиҳату хушбахт ва фаъолу пешрав бошанду ба пирӯзиҳои навин дастрасӣ пайдо намоянд.
Рӯзи омӯзгорон муборак бод!