Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии “Таҳсилоти Россия. Тоҷикистон-2021” баргузор мегардад

17-05-2021
19-22-юми майи соли равон Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии “Таҳсилоти Россия. Тоҷикистон-2021” баргузор мегардад, ки дар он намояндагони 26 муассисаи таъсилоти олии Федератсияи Россия ва 4 филиали донишгоҳҳои Россия дар Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Қисмати аввали намоишгоҳ дар Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми май аз соати 10:00 то 18:00 ва 20- уми май  аз соати 09:00 то 18:00 доир карда мешавад. Қисмати дуввуми он дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд рӯзи 22 май аз соати 10:00 то 18:00 гузаронида мешавад.
Ҳадаф аз ташкили намоишгоҳ фароҳам овардани имкон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, довталабон ва донишҷӯёне, ки мехоҳанд, таҳсилро дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия идома диҳанд ва волидоне, ки барои фарзандони худ таҳсилоти олии баландсифатро мехоҳанд, мебошад.
Хоҳишмандон метавонанд дар ин намоишгоҳ-ярмарка дар бораи шароити қабул, таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ, барномаҳои ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ, шароити зист дар давраи таҳсил, истироҳат ва стипендияҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маълумот пайдо кунанд ва бевосита аз намояндагони донишгоҳҳо маслиҳатҳои зарурӣ гиранд.
Суннатуллоҳи Мирзо