Н.СОБИРЗОДА: ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРОИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ТАМОМИ ЧОРАҲОРО МЕАНДЕШАД

07-12-2020
   7-уми декабри соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илм ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир гардид, ки дар он рафти санҷиши ҳолати таъмини иҷрои бандҳои “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар соҳаи маориф ва илм мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
   Дар кори ҷаласа Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва  илм зимни сухани ифтитоҳӣ зикр кард, ки коррупсия бемории ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, монеаи ҷиддӣ дар самти рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла маориф мебошад. Мубориза бо ин падидаи номатлуб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди давлатӣ ба роҳ монда шуда, дар асоси «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»  бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикисон «Барномаи зиддикоррупсионии соҳаи маориф барои солҳои 2013-2020» ва «Нақшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуда, дастраси ҳамаи муассисаҳои таълимӣ гардонида шудааст.
   Маҷиди Абдукарим-корманди раёсати пешгирии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубоиза бо коррупсия доир ба як қатор масъалаҳои марбут ба ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳа, роҳҳои пешгирии амалҳо ва ҳолатҳои хусусияти коррупсионидошта суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ҷиҳати мубориза бо коррупсия набояд  ягон нафар корманди соҳа бетараф бошад.
   Дар идома муовини вазири маориф ва илм Н.Собирзода зикр кард, ки ба хотири ҷилавгирӣ намудан аз амалҳои коррупсионӣ, дуруст истифода намудани маблағҳои  ҷудошудаи муассисаҳои таълимӣ, роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунии ришваситонию маблағғундории роҳбарият ва кормандони муассисаҳои таълимӣ ҳанӯз соли 2008 дар сохтори Вазорати маориф ва илм шуъбаи аудити дохилӣ таъсис дода шуда буд, ки дар он 4 нафар мутахассиси ботаҷриба фаъолият карда истодаанд.
   Дар асоси нақшаи кории худ шуъбаи аудити дохилӣ оид ба истифодабарии мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва роҳ надодан ба хароҷоти ғайриқонунӣ дар муассисаҳои зертобеи вазорат мунтазам санҷишҳои худро мегузаронад. Санҷишҳои гузаронидаи шуъбаи аудити дохилӣ дар мушовараи Вазорати маориф ва илм, ҷаласаҳои назди вазири маориф ва илм ва муовинони ӯ баррасӣ карда мешаванд.  Ғайр аз ин, дар ин замина ҳамкории доимии Вазорати маориф ва илм бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии коррупсия ва амалҳои ба он монанд хуб ба роҳ монда шуда, барои пешгирии  қонуншиканиҳо саҳм гирифта мешавад. Махсусан, дар арафаи қабули ҳуҷҷатҳо ба  муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ нигоҳ накарда бо ҳамаи назорату таъкидҳои доимии Вазорати маориф ва илм ва пурра  тариқи Маркази миллии тестӣ ҷараён гирифтани имтиҳонҳои қабул  амалҳое аз ҷониби омӯзгорон ва ё шахсони ба муассисаи таълимӣ тааллуқнадошта  мушоҳида  мешаванд, ки  боиси нигаронӣ буда, ҳушёрӣ ва ахлоқи баланди инсониро аз мо тақозо менамояд.
   - Вазорати маориф ва илм барои мубориза бурдан бо бемории ҷомеаи муосир – коррупсия ва пурра аз байн бурдани он пайваста тамоми чораҳои лозимаро меандешад,-таъкид дошт Н.Собирзода.
Азиза Бодурова