НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

19-07-2022
19-юми июли соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2022 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри 2011, №АП-1729 нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Саидзода Раҳим Ҳамро-вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузоришаванда дар соҳаи маориф ва 51 нафар намояндаи васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Нахуст, Р.Саидзода-вазири маориф ва илм иттилоъ дод, ки вобаста ба самтҳои муҳими соҳа ва фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2022 варақаи иттилоотӣ таҳия шуда, наздики як ҳафта қабл дар сомонаи вазорат ҷой дода шуд. Инчунин, се рӯз қабл аз нишасти матбуотӣ расман ба суроғаи электронии тамоми нашрия, радио, телевизион, оҷонсиҳои иттилоотӣ тамоми хоҳишмандон, аз ҷумла, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ирсол гардид. Имрӯз нусхаи чопии он дар дасти иштирокдорон аст, аз ин рӯ, нишасти матбуотӣ тариқи саволу ҷавоб сурат мегирад.
Сипас, саволу ҷавоб сурат гирифта, аз ҷониби 15 нафар намояндаи ВАО 31 савол вобаста ба ҷалби магистрантону омӯзгорон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, тарки касб намудани омӯзгорон, мушкилоти муассисаҳои таълимӣ, таълими фанни “Маърифати оиладорӣ”, ҷамъоварии маблағ дар муассисаҳои таълимӣ, омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҷудо намудани маблағ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ, сохтмони панҷ мактаб аз ҷониби Федератсияи Россия ва ба истифода додани онҳо, таҷлили “Рӯзи дониш”, қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бидуни имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ, таҷлили Рӯзи омӯзгорон, фаъолият намудани омӯзгорони ғайриихтисос, имтиёзҳои омӯзгорон ва сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои соҳавӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим, аттестатсияи мудирони шуъбаҳои маориф ва директорону омӯзгорон, баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон ва чанде дигар пешниҳод гардид, ки ба ҳар кадоми он вазири маориф ва илм, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ посух доданд.
Нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм аз ҷониби як қатор намояндагони васоити ахбори омма ба таври мустақим пахш гардид.
Дар охир вазири маориф ва илм аз намояндагони васоити ахбори омма даъват ба амал овард, ки ҷиҳати рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани проблемаву мушкилоти ҷойдошта дар соҳа саҳмгузор бошанд ва пайваста таклифу пешниҳоди худро манзур намоянд.