Нақши ду сарвар ва дӯстии чил миллион нафар

16-03-2018
Аввалин қадамҳои Шавкат Мирзиёев дар сиёсатҳои байналхалқиву ҳамсоядорӣ хайрхоҳона буданд.  Ин мавқеи ӯро тамоми мардумони Осиёи Марказӣ бо хушнудӣ пазируфтанд. Аз шабакаҳои иҷтимоии Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад, ки дар Ӯзбекистон муносибати мусбатро бо Тоҷикистон бо хушнудӣ истиқбол кардаанд.
Аксари маводҳо васфи ин дӯстиро менамоянд. Махсусан, дар миёни ҳазорҳо шарҳҳое, ки дар атрофи ин ё он мавод навишта мешаванд, шаҳрвандони ин кишвар сиёсати дӯстонаро бо Тоҷикистон мепазиранд. Касе мухолифи сиёсати мусолиҳатомези Шавкат Мирзиёев намебошад. Айнан чунин ҳолат дар Тоҷикистон ҷой дорад ва ҳама тарафдори дӯстиву робитаҳои нек мебошанд. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар сатҳи баланди таҳаввулоти амиқеро дар фазои Осиёи Марказӣ ба миён меорад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин рухдод баҳои баланд дода истодааст. Ин ду шахсият бо фаросату заковати комил кореро анҷом дода истодаанд, ки халқи тоҷику ӯзбек, ки дар маҷмӯъ зиёда аз чил миллион нафар мебошанд, минбаъд боз ҳам чун хешу табору бародари наздик зиндагӣ хоҳанд кард.
Соли 2018 барои Тоҷикистон яке аз солҳои фаромӯшнашаванда дар таҳкими сиёсати байналхалқӣ ба шумор хоҳад рафт. Имсол меҳмонони воломақоми сатҳи баланд дар доираи матраҳсозии масъалаҳои муҳими глобалии сайёра вориди Тоҷикистон мешаванд. Даҳҳо роҳбарони кишварҳои шинохта аз кишвари мо дидан менамоянд. Акнун баъди таваққуфи чандсола омаду рафти роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва алалхусус, рафтуомади мардумони тоҷику ӯзбек ба мулки якдигар ин як рухдоди бузурги таърихӣ хоҳад буд. Шавкат Мирзиёев аз аввалин рӯзҳои сари қудрат омаданаш аз таҷдиди муносибат бо ҳамсояҳо ишора карда буд. Устувории қавли ӯ маҳбубияташро дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ба маротиб баланд бурд. 
Фарҳанг аввалин қосиди сулҳу тавсиадиҳандаи муносибатҳои некуи халқҳо ба ҳисоб меравад. Махсусан, барои мардуми тоҷику ӯзбек фарҳанг унсури муттаҳидсоз мебошад. Рафтуомади адибону санъаткорон дар замони Шӯравӣ дар ин кишварҳо як амри маъмул буд. Қабл аз Инқилоби Октябр низ ин тамоюл садсолаҳо вуҷуд дошт. Аз ахбори гуногун огаҳӣ ёфтем, ки дар Ӯзбекистон хона-музеи С.Айнӣ аз нав таҷдид меёбад. Дар шаҳри Самарқанд пайкараи Ҷомиву Навоӣ, ки тимсоли дӯстии ду халқ буд, аз нав барқарор мешавад. Сарояндагони тоҷику ӯзбек дар сарзаминҳои ҳамдигар акнун бо меҳру самимият ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар наворе, ки чанд вақт пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезад, дидем, ки чӣ гуна Шавкат Мирзиёв таҳти оҳангу сурудаи Ҷӯрабек Муродов бо шодиву завқу қаноатмандӣ кафкӯбӣ мекард. Фарҳанг садсолаҳо ин ду халқро чун дӯсту бародар нигоҳ медошт. Дар доираи адабиёту забон низ ин ду халқ монеаву сарҳади бегона надоштанд. Ҳанӯз аз дӯстии Ҷомиву Навоӣ барои мо ошкор аст, ки тоҷику ӯзбек халқҳои ба ҳам қарину бародаранд. Адибони зуллисонайн ин дӯстиҳову равобитро дар мафкураҳо пайваста талқину тавсиф мекарданд. Хушбахтона, ин раванд аз нав бо шаклу самимияти хос оғоз гаштааст.
Дар як муддати кӯтоҳ баргузор гаштани ҳамоишҳои иқтисодиву саноатӣ  барои ин ду кишвар аз суботи ояндаи иқтисодӣ дарак  медиҳанд. Проблемаҳои НБО-ҳо, корхонаи арзиз ва масъалаи транзитии роҳҳо ҳалли худро бомаром ёфта истодаанд. Роҳҳои оҳани аз нигоҳи стратегӣ муҳим аз нав барқарор мегарданд. Бо  ташаббуси роҳбарони воломақоми ин кишварҳо гузаргоҳҳои байнисарҳадӣ кушода шуданд. Пайдо шудани маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва ҳолати баръакси он боиси шодиву хурсандии тамоми сокинони ин ду кишвар гардида. Пайваст гаштани хатҳои интиқоли барқи миёни ин ду кишвар манфиати ҳар ду ҷониб мебошад. Хатҳои интиқоли лӯлаҳои гази Ӯзбекистон низ дар паи аз нав эҳё шудан қарор доранд. Хатсайрҳои фаъоли ҳавоии ин кишварҳои ҳамсоя акнун як ҳодисаи муқаррарӣ гаштаанд. 
Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як навъ ҳалқаи иттиҳоду дӯстӣ ба ҳам омада истодаанд ва бояд чунин ҳам бошад. Вақте ба фаъолияту муносибати роҳбарони ин кишварҳо менигарем, ба зудӣ собит мешавад, ки феълан онҳо дар ягон бархӯрди манфиату мавқеъ қарор надоранд. Масалан, Президенти Тоҷикистон бо роҳбарони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон муносибати наздики дӯстона доранд. Чунин ҳолат барои дигар роҳбарони ин кишварҳо низ истисно нест. Дар ҳақиқат, дар сурати мавҷудияти як иттиҳоди устувори кишварҳои ин минтақа метавон ба дастовардҳои бузург ноил гашт. Дар Осиёи Марказӣ бо шумули Қазоқистон зиёда аз 70 миллион нафар зиндагӣ доранд. Ин давлатҳо ҳудуди васеъро дарбар мегиранд. Дорои захираҳову сарватҳои бои табиӣ мебошанд ва аз ҳама муҳим, дар ин минтақа бо вуҷуди мавриди нишону ҳадафи сиёсатҳои ғарбӣ қарор гирифтан,  сулҳу амонӣ ҳукмрон аст. Роҳбарони ин кишварҳо дарк намудаанд, ки дар сурати мавҷуд будани иттиҳоду ҳамгироии иқтисодиву сиёсӣ метавонанд, ки дар муқобили ҳама гуна ҷараёну ҳадафҳои ғаразноку номатлуб устувор бошанд. Осиёи Марказӣ зери ҳадафҳои геополитикӣ қарор дорад ва ҷудоии ҷумҳуриҳои минтақа барои сиёсатҳои таҳмилии бегонаҳо як унсури мусоидаткунанда мебошад. Аз ин рӯ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, огоҳиву ҷаҳонбиниҳо ва алалхусус, иттиҳоди мардумони ин минтақа дар чунин шароит ногузир аст. Имрӯз аз эҳтимолияти ба вуҷуд омадани Иттиҳоди иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ сару садоҳо ҷо доранд, ки муҷиби ташвишу нооромиҳои ҳасудону нотавонбинони «тақдирсоз»-и ғарбӣ  мебошад. Имрӯз ҷумҳуриҳои ин минтақа бунбастҳои коммуникатсиониро барҳам зада истодаанд, ки як омили асосии ваҳдати фарогир аст. Роҳбарони ин кишварҳо ва халқҳои ин ҷумҳуриҳо дарк кардаанд, ки бартариҷӯӣ дар миёни якдигар, танҳо ба манфиати хоҷаҳои беруна мебошад. Имрӯз роҳбарони кишварҳои ин минтақа дарк кардаанд, ки ба уммеди «ақлу нишондоди дигарон нагашта», худ бояд тақдири худро созанд. Муносибату рафоқати ду абармарди ҷабҳаи сиёсат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз ҷумлаи  ин тасмимоти мусбат мебошанд. 
Бахтиёри Қутбиддин,
мудири кафедраи
 журналистикаи
 байналхалқии ДМТ