Намоишгоҳи «Таҳсилоти Россия- 2018»

12-04-2018
Субҳи 12 апрели соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳафтумин Намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилоти Россия-2018» дари худро барои ҷавонони тоҷик- довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия боз намуд. Дар расми ифтитоҳи он, ки дар толори таълимгоҳи мазкур баргузор гардид, роҳбари Маркази фарҳангию мадании «Россотрудничество» дар Тоҷикистон М. В. Вождаев, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирбобоев, мушовири роҳбари МФМ «Россотрудчиество» Д. Гужеля баромад карда, оид ба ҳадафҳои намоишгоҳ, ки ба ҷалби ҷавонони тоҷик ба донишгоҳҳои  Россия, ба манфиати ҳамкориҳои маданӣ, маориф ва фарҳангии ҳар ду мамлакат нигаронда шудааст, изҳори назар карданд.  
Сипас, дар даромадгоҳи васею барҳавои донишгоҳ, ки пур аз ҷавонон ва волидони онҳо буд, расми буридани лентаи рамзии намоишгоҳ баргузор гардид, ки дар он муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирбобоев, сафири фавқулода ва мухтори ФР дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, мушовири роҳбари МФМ «Россотрудчиество» Д. Гужеля баромад карда, ҳозиронро ба намоишгоҳи донишгоҳҳои маъруфи Федератсияи Россия  хайра мақдам гуфтанд. Қайд шуд, ки агар ҳафт сол пеш дар намоишгоҳи аввалин ҳамагӣ панҷ муассисаи таҳсилоти олии касбии Россия ширкат варзида бошанд, дар чорабинии имсола намояндаи 35 донишгоҳ ташриф оварда, нисбат ба солҳои пешин шумораи бештари хоҳишмандон аз ҳисоби дохилшавандагону ҷавонон ва донишҷӯён ва волидони онҳо ҳозир шудаанд. Дар назди гӯшаҳои даъватии донишгоҳҳои маъруфи Федератсияи Россия аз ғарби мамлакат то Сибиру Шарқи Дур ва аз шимоли Россияи паҳновар то ҷануби он ва се филиали донишгоҳҳои Россия дар Тоҷикистон даҳҳо нафар хоҳишмандон ҷамъ омада, аз намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии он кишвар дар бораи шарту шароити қабул, ихтисосҳо, имтиёзҳо ва имтиҳонҳои қабули онҳо маълумот ба даст оварданд.
Намоишгоҳ рӯзи дигар- 13 апрел низ идома ёфта, 14 апрел ҷамъбаст хоҳад шуд. Дар доираи он байни донишгоҳҳои ҳар ду мамлакат, сохторҳои дахлдори Вазоратҳои маориф ва илми ФР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани шартномаю тафовуқномаҳо дар назар дошта шудааст. Чанде аз донишгоҳҳои Федератсияи Россия дар минтақаҳои ҷумҳурии мо низ бори аввал намоишгоҳи худро доир намуданианд.
 
Маркази матбуоти Вазорати маориф
 ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон