МУСОБИҚАИ МАҲОРАТИ ВАРЗИШӢ  ВА ҲАРБӢ - ВАТАНДӮСТӢ МИЁНИ ТАЪЛИМГИРАНДАГОНИ КОЛЛЕҶҲО

05-04-2021
3-юми апрели соли равон бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси вазоратҳои маориф ва илм ва корҳои дохилӣ дар қисми низомии 3502-и Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳо, ҳайати сарбозону афсарон ва фармондеҳони қисми низомии 3502, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мусобиқаи маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ - ватандӯстӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид.  
Дар мусобиқаи мазкур донишҷӯёни Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи техникӣ-оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи техникӣ-технологии назди Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Шуъбаи таълимии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аз рӯйи ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани автомати Калашников, ҳаво додани норинҷак, гуштини миллӣ, давидан ба масофаи 100 метр, турниккашӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ, вазнбардорӣ, қаду рост кардани дастон ва эстафетаи даставӣ миёни ҳам сабқат варзиданд.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати доварон ва хулосаи комиссияи ташкилшуда Коллеҷи техникӣ-оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи якум, Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи дуюм, Коллеҷи техникӣ-технологии назди Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи сеюм ва Шуъбаи таълимии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҷойи чорумро  ба даст оварданд. 
Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон ва ташкилкунандагони чорабинӣ бо диплому ифтихорномаҳо ва ҷому медалҳои Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин, пас аз анҷоми мусобиқаи мазкур меҳмонон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо шароити хизмати аскарону афсарони қисми низомии мазкур ошно шуданд.
Гуфта шуд, ки мақсад аз ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳои варзишӣ-ҳарбӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, омода намудани донишҷӯён ба хизмати ҳарбӣ, шиносоӣ ва истифодаи дурусти аслиҳаи ҳарбӣ, омодагӣ ба дифои Ватан, тарғиби варзиш ҳамчун гарави саломатӣ ва тарзи ҳаёти солим мебошад.
Суннатуллоҳи Мирзо