МУЛОҚОТИ РАҲИМ САИДЗОДА БО СЮЗАН ЛИОТО ВА ҶО БОРН 

28-06-2022
Нимаи дуюми рӯзи 28-уми июн дар бошишгоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро бо хонум Сюзан Лиото-муовини раиси Шӯрои директорони Шарикии глобалӣ оид ба маориф (GPЕ) ва хонум Ҷо Борн-роҳбари бахши техники Шарикии глобалӣ оид ба маориф (GPЕ) мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни иҷрои корҳои муштарак дар самти омода намудани дархости лоиҳавӣ аз ҷониби Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Дар суханронии худ Р.Саидзода бо роҳбарияти Шарикии глобалии маориф (GPЕ) барои дохил кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз панҷ кишвари ташаббуси озмоишии Шарикии глобалӣ то соли 2025 изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамзамон, зикр кард, ки то имрӯз гурӯҳҳои кории вазорат қисми зиёди корҳо, аз ҷумла худи ҳуҷҷати КОМПАКТ, инчунин расмиёти интихоби агентҳои грантиро барои ҳарсе гранти асосӣ, яъне грант барои рушди низоми маориф (агенти грантӣ ЮНИСЕФ), грант барои дигаргунсозии низоми маориф (агенти грантӣ Бонки Исломии Рушд) ва гранти мултипликативӣ пурра ба анҷом расонидааст.
Сюзан Лиото-муовини раиси Шӯрои директорони Шарикии глобалӣ оид ба маориф (GPЕ) бо изҳори қаноатмандӣ иброз дошт, ки Тоҷикистон, бахусус Вазорати маориф ва илм, тавонист модели нави дархостии GPЕ-ро омӯхта бо назардошти талаботҳои он ва муҳлатаҳои муқарраршуда, бастаи ҳуҷатҳоро омода кунад ва барои баррасӣ ба Шӯрои директорон супорад.
Ҳамчунин, хонум Сюзан Лиауто аз фаъолияти вазорат дар самти истифодаи муколамаи фарогир, яъне, ҷалби ҳамаи шарикони сатҳи миллӣ, маҳаллӣ ва коршиносон, ки дар татбиқи афзалиятҳо дар ислоҳоти низоми маориф кӯмак хоҳанд кард, истиқбол намуд.
-Ин афзалиятҳо бешак ба Стратегияи рушди соҳаи маориф то соли 2030 ва Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки зарурати рушди соҳаи маорифро ҳамчун самти афзалиятнок муайян мекунанд, мувофиқат мекунанд,- иброз намуд вазири маориф ва илм дар идомаи суҳбат.
Дар рафти суҳбат, инчунин, доир ба фарогирии хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ, ҷалби таваҷҷуҳи падару модарон ба таълиму тарбияи фарзанд, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар давраи пандемияи КОВИД-19, таваҷҷуҳ ба таҳсили духтарон ва чанде дигар ҷонибҳо ибрози андеша намуданд.
Вазири маориф ва илм вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагон пурра ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи волидайн ба таҳсили фарзандон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал мекунад. Ҳамзамон, баробарии гендерӣ риоя гардида, духтарону писарон ҳуқуқҳои баробар ба таҳсил дошта, дар баробари ин бо мақсади чалби бештари духтарон ба таҳсил Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Дар замони пандемияи КОВИД-19 низ хонандагони тоҷик нисбат ба хонандагони дигар кишварҳо ба муҳлати кам ба таътил фиристода шуда, дарсҳо тавассути телевизионҳо ва дарсҳои видеоӣ ба роҳ монда шуданд ва муҳимтар аз ҳама, қоидаҳои беҳдоштӣ, ки аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза ба бемории КОВИД-19 пешниҳод гардиданд, пурра риоя гардиданд.
Намояндагони Шӯрои директорони Шарикии глобалӣ оид ба маориф (GPЕ) бори дигар иброз доштанд, ки ба даст овардани чунин муваффақиятҳо мазҳ аз таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф дарак медиҳад. 
Дар фарҷоми мулоқот Саидзода Раҳим Ҳамро ба Котиботи GPЕ барои маслиҳатҳои техникӣ ва дастурҳои муфассали онҳо зимни таҳияи асноди лоиҳавӣ изҳори ташаккур намуд. Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмӣ сурат гирифт.