МУЛОҚОТИ РАҲИМ САИДЗОДА БО ХОНУМ СЕЗИН СИНАНОҒЛУ

27-01-2023
Рӯзи 27 январи соли равон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Намояндаи доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу баргузор гардид, ки дар он масъалаи ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нахуст, зимни суҳбат вазири маориф ва илм хонум Сезин Синаноғлуро ба Вазорати Маориф ва илм хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои пайвастаи Вазорат бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла  Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ, Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Хазинаи нуфуси СММ (ЮНФПА)  ва Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ёдовар шуд. Мавсуф қайд намуд, ки Вазорати маориф ва илм омода аст, ҷиҳати рушди ҳамкориҳо тамоми тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намояд.
Дар навбати худ, хонум Сезин Синаноғлу аз вохӯрӣ бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт,  ки ҳамкориҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он бо Вазорати маориф ва илм дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар оянда низ тавсеа хоҳад ёфт.
Дар идома оид ба рушди ҳамкориҳои минбаъда табодули назар сурат гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои расидан ба ҳадафҳои созанда баён карданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон