МУАРРИФИИ СМРМ БАРОИ ТО СОЛИ 2030: ҲАДАФ ИСЛОҲОТ ВА РУШДИ БЕСОБИҚАИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ АСТ

09-04-2021
9-уми апрели соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар оид ба муаррифии «Стратегияи  миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид.
Дар семинари мазкур Муҳаммаддовуд Саломиён-муовини якуми вазири маориф ва илм, Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илм, Алберто Бианколӣ - роҳбари бахши маорифи ЮНИСЕФ, сардорони раёсату шуъбаи дастгоҳи марказии вазорат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шарикони рушд ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
М. Саломиён-муовини якуми вазири маориф ва илм кори семинарро ифтитоҳ бахшида, таҳия ва мавриди амал қарор додани “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро дар соҳаи маориф ва илми кишвар иқдоми саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ намуд. Мавсуф, аз ҷумла иброз дошт, ки Стратегияи мазкур нақши маорифро ҳамчун манбаи асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони он муайян намуда, вазъи ҷории соҳаи маориф, мушкилоту талаботи он, инчунин мақсаду вазифаҳои рушди маорифро тавсиф мекунад.
Баъдан, Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илм зимни баромади худ изҳор дошт, ки Вазорати маориф ва илм “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро бо мақсади амалӣ намудани  ислоҳоти соҳаи маориф ҷиҳати ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, мутобиқ намудани фаъолияти низоми маорифи кишвар ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот, таҳкими заминаи ҳуқуқии рушди бомароми соҳаи маорифи мамлакат таҳия намудааст.  
Ҳамчунин, таҳиякунандагони “Стратегияи миллии рушди маорифи ҶумҳурииТоҷикистон барои то соли 2030” мақсади асосии онро  бунёди низоми самараноки соҳаи маориф, ки имкониятҳои инклюзивӣ ва баробар, инкишофи қобилият, рушди интеллектуалӣ, шуғли кор кардан ва беҳтар намудани некуҳволии умумии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикстонро таъмин менамояд, унвон доданд.
Шарикони рушд, дар навбати худ, омодагии ҳамаҷонибаи худро дар самти кӯмак баҳри амалигардонии ин Стратегия ва расидан ба ҳадафҳои муштарак, ки рушди бемайлони соҳаи маориф ва илми кишвар аз он қабил ба ҳисоб меравад, баён намуданд.
Инчунин, Бадриддин Музаффарзода - сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳи маориф ва илм оид ба давра ба давра амалӣ гардонидани бандҳо ва талаботи умумии Стратегия, мақсаду маром аз таҳия ва амалигардонии он, барномаҳои миёнамуҳлат ва нақшаи чорабиниҳои дар асоси Стратегия омодашуда, натиҷа ва интизориҳои ояндаи ислоҳот дар соҳаи маориф ва илм, Қутбиддин Муҳиддинзода - сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ вобаста ба зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, Фирӯза Асфияева - сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир ба зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Наврӯз Мирзозода - муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ дар бораи зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ изҳори андеша намуданд.  
Мавриди зикр аст, ки Стратегияи мазкур ба бартариҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 инъикос ёфтаанд, такя карда, ба мақсад ва вазифаҳои Ҳадафҳои рушди устувор мутобиқат мекунад. 
Гуфта шуд, ки дар амал татбиқ гаштани тамоми бандҳо ва талаботи дар стратегияи мазкур дарҷгардида соҳаи маориф ва илмро, ки яке аз соҳаҳои калидӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, баробар ба соҳаи маориф ва илми кишварҳои пешқадам мегардонад, таҳсилоти дастрас ва сифатан беҳтарро барои тамоми қишрҳои ҷомеа баробар таъмин менамояд.
Суннатуллоҳи Мирзо