МУАРРИФИИ ЛОИҲАИ “МУҲИТИ ТАЪЛИМ АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ”

12-08-2022
12-уми августи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Душанбе-Серена” муаррифии лоиҳаи ҷадид “Муҳити таълим асоси таҳсилоти босифат” доир гардид, ки он аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ роҳандозӣ мегардад. Мақсади амалигардонии лоиҳаи “Муҳити таълим асоси таҳсилоти босифат”, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омӯзиш дар ҳар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. 
Дар маросими муаррифӣ муовини вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ ва ташкилоту идораҳо, намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорон ва мушовирони маҳаллӣ иштирок намуданд. 
Ш. Хайрзода-муовини вазири маориф ва илм зимни суханронии хеш қайд намуд, ки раёсати Бонки Ҷаҳонӣ барои ворид гардидан ба таҳсилоти байналмилалии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Дар муддати тӯлоние, ки мо бо Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати рушди маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намудем, аксарияти мушкилоти соҳа бартараф карда шуд. Аз ҷумла, таҷдиду азнавсозии бинои муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизонидани синфхонаҳо бо компютер, мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии таълимӣ, инчунин, дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” тамоми донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо таҷҳизотҳои компютерӣ ва лабораторияҳои нави замонавӣ таъмин карда шудаанд. 
Сипас, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ Тигран Шмис вобаста ба лоиҳаи “Муҳити таълим асоси таҳсилоти босифат” ва ҳамкории ҷойдошта бо Вазорати маориф ва илм сухан ронда, зикр кард, ки ҳадафи асосии лоиҳа ба баланд бардоштани сифати таҳсилот нигаронида шудааст. 
-Сохторҳои дахлдоре, ки бо муассисаҳои таълимӣ сару кор доранд, вазифаашон набояд танҳо санҷидану ёфтани камбудиҳо дар муассисаҳои таълимӣ бошад, балки вазифаи асосии онҳо кӯмак ва мусоидат дар рушди муассисаи таълимӣ бошад,-зикр кард Т.Шмис.
Дар идома, Солеҳҷон Мирзоев-мушовири маҳаллӣ оид ба экология дар мавзуи “Рамочный документ по управлению окружающей и социальной средой” (“Ҳуҷҷати чаҳорчӯбаи идоракунии экологӣ ва иҷтимоӣ”) ва Замира Фаязова-мушовири маҳаллӣ оид ба сотсиология дар мавзуи “План взаимодействия с заинтересованными сторонами” (“Нақшаи ҷалби ҷонибҳои манфиатдор”) баромад намуданд. 
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи “Муҳити таълим асоси таҳсилоти босифат” аз се қисмат ва зерқисматҳо иборат буда, татбиқи он 6 солро дар бар мегирад.
 
Бахтовар САФАРОВ