МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲО ВА БАРРАСИИ ПРОБЛЕМАВУ МУШКИЛОТ

23-10-2020
23-юми октябри соли ҷорӣ ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2020 ва вазифаҳо барои давоми соли 2020» баргузор гардид, ки дар он аъзоёни мушовара, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, директорони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва литсейю мактабҳои Президентӣ ба таври онлайн ширкат варзиданд.
Дар рафти ҷаласа доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2020 ҳисоботи муовини якуми вазири маориф ва илм М.Саломиён, муовинони вазири маориф ва илм Л.Назирӣ ва Н.Собирзода, сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Ҳ.Вализода ва сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ф.Ҳайдаров шунида шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ тариқи қисми коргузории вазорат 22520 мавод ворид гардида, ҳамзамон, 11196 мавод аз Вазорати маориф ва илм содир шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба ҳаллу фасли саривақтӣ ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон 75 маротиба қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, барои баррасии пурра ва ҷавоби саривақтии муроҷиати хаттии 3738 нафар шаҳрванд ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд. Инчунин, 12 ҷаласаи мушовараи навбатию ҷамъбастӣ бо баррасии 227 масъала ва 8 ҷаласаи назоратии назди вазир бо баррасии 28 масъала доир гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Л.Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм зикр намуд, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб ёфта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Дар айни замон, дар муассисасаҳои таҳсилоти томактабии кишвар 151896 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 15,9 фоизи кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.
Танҳо дар давоми нӯҳ моҳи соли 2020 12 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 2390 кӯдак сохта ба истифода дода шуда, 2 бинои иловагӣ дар назди кӯдакистонҳои амалкунанда барои 130 нафар сохта ба истифода дода шуд.
Вобаста ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорони ватандӯст таъмиру бунёди 374 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар назар дошта шудааст, ки фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ зиёд мегарданд.
Мувофиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шумораи кӯдакони синни аз 3 то 6-сола ба 1137400 нафар мерасад, ки нисбат ба соли 2015 255000 нафар кӯдак зиёд мегардад. Бинобар ин, таъсиси ҳарчи бештари муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шуда, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бояд аз 15,9% то ба 40% расонда шавад.
Бо мақсади иҷрои ин ҳадаф баргардонидан, барқарор намудан ва таъмири муассисаҳои томактабӣ, ки ғайримақсаднок мавриди истифода қарор доранд ва ё дар ихтиёри дигар идораву ташкилот мебошанд, мувофиқи мақсад аст. Имрӯз, дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ 140 ҳолати ғайримақсаднок истифода гардидани муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ ба назар мерасад. Ба нақша гирифтани масъалаи баргардонидани биноҳое, ки дорои шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ мебошанд, барои фарогирии бештари кӯдакон зарур аст.
Вобаста ба корҳои анҷомдода дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ муовини вазири маориф ва илм Л.Назирӣ иттилоъ дод, ки дар 9 моҳи соли 2020 даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуда, натиҷаи он ҷамъбаст карда шуд. Маълум гардид, ки дар даври якуми озмун 8043 нафар омӯзгор, 2162 нафар мураббӣ, 108 066 нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 7835 нафар тарбиятгирандаи муассисаи томактабӣ иштирок карда, ба даври дуюм 2417 нафар омӯзгор, 873 нафар мураббӣ, 11001 нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 891 нафар тарбиятгирандаи муассисаи томактабӣ роҳ ёфтанд
Дар маҷмӯъ, дар даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 126106 нафар кӯдак, наврас ва омӯзгору мураббӣ иштирок намуда, 15182 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Аз ин теъдод, дар даври дуюми озмун 2302 нафар омӯзгор, 62 нафар мураббӣ, 10552 нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 1017 нафар тарбиятгирандаи муассисаи томактабӣ иштирок карда, ба даври сеюм 221 нафар омӯзгор, 7 нафар мураббӣ, 1206 нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 40 нафар тарбиятгирандаи муассисаи томактабӣ роҳ ёфтанд. Дар маҷмӯъ, дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 14460 нафар кӯдак, наврас ва омӯзгору мураббӣ иштирок намуда, 1474 нафар ба даври сеюм роҳ ёфтанд.
Таҳсилоти умумӣ ба ташаккули шахс асос гузошта, ҷиҳати рушди ин зинаи таҳсилот таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3884 ададро ташкил дода, аз онҳо 315 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 442 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3127 муассиса миёнаи умумӣ мебошад. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ теъдоди муассисаҳои типи нав 146 адад буда, аз ҷумла 75 гимназия ва 71 литсей ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 124593 нафарро ташкил медиҳад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 2033900 нафар (980 766 духтар) хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Бо мақсади ҳифзи солимии омӯзгорону хонандагон ва пешгирии интиқолу сирояти нави коронавируc (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси протоколҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ пеш аз муҳлат ба таътил фиристода шуда, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм бе иштироки хонандагон дар асоси баҳои солона баргузор карда шуд.
Таҳлилҳо нишон дод, ки аз 1801692 нафар хонандаи синфҳои 2-11 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1801396 нафар ба аттестатсия аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм фаро гирифта шуда, 296 нафар бинобар сабабҳои узрнок ба аттестатсия ҳозир нашуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати шаффофияти баргузории аттестатсияи хатм дар вазорат, сарраёсат, раёсат, шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ комиссияҳои аттестсионӣ ва аппелятсионӣ таъсис дода шуд. Маълум карда шуд, ки тибқи натиҷаи аттестатсияҳо сифати таълим (ҷамъи баҳои 5 ва 4) 52% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ (ҷамъи баҳои 5, 4 ва 3) 99,9%-ро ташкил медиҳад.
Инчунин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷорӣ гардидани низоми муносибати босалоҳият дар таълим барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон мусоидат намуд. Давоми солҳои 2016-2020 омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз курсҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, замима ба китобҳои дарсӣ, дастурамал ва роҳнамоҳо барои омӯзгорон таҳия, чоп ва дастрас гардонида шуд. Ҳамзамон, стандартҳои фаннӣ ва роҳнамоҳо барои омӯзгорон аз рӯйи низоми муносибати босалоҳият дар таълим аз фанҳои таълимӣ чоп ва ба муассисаҳои таълимӣ дастрас гардид.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2017, №544 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» харидории 2139 кабинети фаннӣ: 289 адад лабораторияи таълимии физика, 254 кабинети химия, 243 кабинети биология, 183 кабинети география, 207 кабинети математика, 216 кабинети технологияи иттилоотӣ ва 655 кабинети суруду мусиқӣ ба нақша гирифта шудааст.
Иҷрои нақша дар солҳои 2018-2019 бо сабаби ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо, инчунин набудани маблағҳои зарурӣ дар суратҳисоби муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Мурғоб, Роштқалъа, Рӯшон ва Шуғнон), вилояти Суғд (ноҳияи Деваштич), вилояти Хатлон (ноҳияҳои Фархор, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Носири Хусрав, шаҳри Левакант) ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш) таъмин нагардид. Дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар давоми 2 соли амалӣ гардидани Барнома дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 1200 кабинети фаннӣ, 541 адад (99 кабинети физика, 107 кабинети химия, 91 кабинети биология, 44 кабинети география, 46 кабинети математика, 80 кабинети технологияи иттилоотӣ ва 74 кабинети суруду мусиқӣ) ҷиҳозонида шуда, дар маҷмӯъ 45,1%-и нақшаро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, бино бар маълумоти раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба истиснои 216 кабинете, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дастрас намуд, харидории кабинетҳо аз моҳи январ инҷониб таъмин нагардидааст.
Л.Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм дар идома вобаста ба истифодаи лабораторияҳои таълимӣ ва технологияи муосир дар муассисаҳои таълимӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020, Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020, Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020, Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021, фаъолияти мактаб-интернатҳо, макрказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва чанде дигар андеша ронда, проблемаву мушкилоти ҷойдоштаро мавриди баррасии ҳозирин қарор дод.
Сипас, Ҳ.Вализода-сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии вазорат доир ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳисобот дода, аз ҷумла қайд кард, ки ҷамъбасти сессияи санҷишию имтиҳонии нимсолаи дуюм нишон дод, ки ба сессияи тобистонаи соли таҳсили 2019-2020 аз 74900 нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 74435 нафар (99,4 %) ба сессия роҳ дода шудаанд. Аз 74435 нафари ба аттестатсияи ҷорӣ роҳёфта 70973 нафар (95,3 %) имтиҳонҳои ҷориро бомуваффақият ҷамъбаст намуданд, ки нисбат ба соли таҳсили 2018-2019 (натиҷаи сессияи соли гузашта 84,9%) 10,4 % зиёд аст. Аз ҷамъбасти натиҷаи имтиҳонҳои ҷорӣ маълум гардид, ки сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён ба 10,4 % боло рафтааст.
Соли таҳсили 2019-2020 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро аз рӯи 166 ихтисос 20910 донишҷӯ хатм намуданд. Аз натиҷаи имтиҳонҳои хатм маълум гардид, ки теъдоди хатмкунандагон нисбати соли таҳсили гузашта зиёд буда, сатҳи донишазхудкунии хатмкунандагон 0,1 % афзудааст. Агар соли таҳсили 2018-2019 азхудкунии хатмкунандагон 99,6 % бошад, соли ҷорӣ ин рақам ба 99,7 % расидааст.
Сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ф.Ҳайдаров зимни ҳисоботи худ иттилоъ дод, ки дар ин давра бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ бо қарори мушовараи вазорат Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2020-2021, Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2020-2021 ва Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм дар соли таҳсили 2020-2021 тасдиқ карда шуданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат аз 18 марти соли 2020 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Др бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “аз 2 майи соли 2013, №203 ва Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро таҳия намуда, дар мувофиқа бо вазорату кумитаҳои давлатӣ ҷиҳати баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. Тибқи санадҳои мазкур 70 фоизи шумораи умумии Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ равона карда мешавад.
Натиҷаҳои сессияи имтиҳонии тобистонаи соли таҳсили 2019-2020 нишон дод, ки аз 91955 нафар донишҷӯ 88092 нафар (95,7%) донишҷӯ ба сессия роҳ ёфт. Аз ин миқдор, 76247 нафар (86,6%) донишҷӯ ҳамаи имтиҳонҳоро бомуваффақият ҷамъбаст намуда, 547 нафар донишҷӯ дар рухсатии академӣ қарор дошта, 41 нафар донишҷӯ бинобар сабаби қарзи академӣ аз муассисаҳои таълимӣ хориҷ гардида, 11257 нафар донишҷӯ бо сабабҳои гуногун дар сессияи имтиҳонӣ иштирок накард. Дар давраи такрорӣ 7564 нафар донишҷӯ сессияи санҷишию имтиҳониро супурда, 8144 нафар донишҷӯ бо сабабҳои гуногун ба даври такрорӣ ҳозир нагаштанд. Дар маҷмӯъ, сессияи санҷишию имтиҳонии тобистонаи соли таҳсили 2019-2020-ро 83811 нафар 91,1%-и донишҷӯ аз худ намуда, бинобар сабабҳои гуногун 8144 нафар 8,9%-и донишҷӯ сессияи тобистонаро ҷамъбаст накардаанд.
М.Саломиён-муовини якуми вазири маориф ва илм дар идома вобаста ба фаъолияти вазорат дар самти илму инноватсия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, робитаҳои байналмилалӣ, фарогирии омӯзгорон ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсию бадеӣ, ҳамкории вазорат бо ВАО, инчунин, фаъолияти муассисаҳои тобеи вазорат, аз қабили Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Маркази технологияи информтсионӣ ва коммуникатсия, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ва Маркази матбуот ҳисобот дода, аз ҷумла зикр кард, ки ҳамасола ҷиҳати бо омӯзгорони соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ дархост пешниҳод гардида, тибқи он Вазорати маориф ва илм мутахассисони ҷавонро дар асоси роҳхат ба муассисаҳо сафарбар менамояд. Эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли таҳсили 2020-2021 барои 2994 нафар пешниҳод гардидааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2019-2020 234 нафар зиёд мебошад. Аз ин рӯ, бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо омӯзгорони ҷавон фармоиши вазири маориф ва илм аз 11.02.2020, №704 “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2020” ба тавсиб расид, ки тибқи он моҳи майи соли ҷорӣ тақсимот гузаронида шуд. Тибқи тақсимот ба муассисаҳои таълимии ВМКБ 262 нафар, Хатлон 1521, Суғд 969, шаҳри Душанбе 238 нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 817 нафар барои кору фаъолият фиристода шуд. Аз шумораи мазкур 2867 нафар бо маълумоти таҳсилоти олии касбӣ ва 1040 нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ буда, 532 нафар тибқи квотаи Президденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамзамон, дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон дар 1711 курси нақшавӣ ва дигар курсҳои омӯзишии дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд гузаронидашуда дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф 44942 нафар омӯзгор ва кормандони соҳаи маориф такмили тахассус намуданд.
Ҳамчунин, М.Саломиён таъкид намуд, ки яке аз масъалаи ҳалталаби соҳаи маориф нашри китобҳои дарсӣ ва маводи таълимии босифат барои тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шумор меравад. Дар ин давра 40 номгӯй китоби дарсӣ, 1 номгӯй киитоби бадеӣ ба миқдори 110 нусха, 10 номгӯйи маводи таълимӣ (дастурҳои методии роҳнамои омӯзгор, барномаи таълимӣ, журнали синф) 2 номгӯйи китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва як номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ нашр шуд, ки дар маҷмӯъ 2 млн. 700 ҳазору 14 нусхаро ташкил медиҳад. Айни замон чопи 17 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 1 млн. 579 ҳазору 640 нусха дар чопхонаҳои ватанӣ идома дошта, давра ба давра нашр ва ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда мешавад
Ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ 145 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 2 млн. 913 ҳазору 628 нусха, 66 номгӯй китоби бадеӣ ба миқдори 23 ҳазору 180 нусха, 46 номгӯй маводи таълимӣ (барномаи таълимӣ, журнали синф, роҳнамои омӯзгор ва ғайра) ба миқдори 174 ҳазору 293 нусха дастрас гардонида шудааст. Илова бар ин, 82 номгӯй адабиёти таълимиву бадеӣ ба миқдори 32 ҳазору 250 нусха ба таври ройгон ба шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ ирсол карда шудааст. Ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ низ 24 номгӯй китоби дарсӣ ва барномаи таълимӣ ба миқдори 554 нусха ирсол шудааст. Дар маҷмӯъ, давоми нуҳ моҳи соли 2020 ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои дигари таълимӣ 3 млн. 143 ҳазору 905 нусха китоби дарсӣ, бадеӣ ва маводи таълимӣ дастрас гардонида шудааст.
– Рушди устувори соҳаи маориф ва самаранокии ислоҳоте, ки дар соҳаи маориф гузаронида шуда истодааст, аз афзоши маблағгузории он вобастагӣ дорад, – зикр кард Н.Собирзода-муовини вазири маориф ва илм зимни пешниҳоди ҳисобот. – Агар соли 2019 барои соҳаи маориф 4 миллиарду 404 миллиону 877 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас соли 2020 барои соҳаи маориф 5 миллиарду 4 миллиону 653 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли 2019 13,6 % зиёд мебошад.
Дар идома таъкид дошт, ки яке аз масъалаҳои асосии ислоҳоти соҳаи маориф баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, дар ин замина, андешидани силсилаи тадбирҳо доир ба сохтмону барқарорсозӣ, таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ талаби замон мебошад. Танҳо аз оғози соли нави таҳсил то имрӯз дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 бинои муассисаи томактабӣ барои 1870 кӯдак ва 19 муассисаи таълимӣ барои 18 ҳазору 324 ҷойи нишаст дар ду баст, 3 бинои шуъбаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, барои сохтмони 2 муассисаи таълимӣ барои 1440 ҷойи нишаст дар ду баст санги асос гузошта шуд.
Дар маҷмӯъ, дар нуҳ моҳи сипаригашта, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 86 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муасисаҳои таълимӣ барои 23255 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ зиёд мебошад.
Инчунин, дар давраи тирамоҳу зимистон муътадил нигоҳ доштани гармии синфхонаҳо ба рушди сифати таълиму тарбия ва иштироки фаъолонаи хонандагону донишҷӯён мусоидат менамояд. Бо мақсади гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ захира намудани 52772 тонна ангишт, 51452 м3 ҳезум ва 108506 литр сӯзишвории нафтӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 10.09.2020 дар муассисаҳои таълимӣ 21372,42 тонна ангишт, 24753,7м3 ҳезум ва 10798 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст.
Дар рафти баррасии масъалаҳои ҷории мушовара Б.Музаффаров-сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми вазорат вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2020, №526 “Дар бораи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” сухан ронда, таъкид намуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро бо мақсади амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф, ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, мутобиқ намудани фаъолияти низоми маорифи кишвар ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот, таҳкими заминаи ҳуқуқии рушди бомароми соҳаи маориф таҳия намудааст, ки он аз 5 боб ва 218 модда иборат буда, дар асоси нақшаҳои миёнамуҳлати амал барои солҳои 2021-2023, 2024-2026 ва 2027-2030 татбиқ мегардад.
Дар кори ҷаласаи мушовара О.Мардов-сардори раёсати маорифи ВМКБ, О.Каримзода-сардори раёсати маорифи вилояти Суғд ва М.Зувайдуллозода-директори Мактаби байналмилалии Президентӣ дар музокираи онлайнӣ ширкат варзида, ҳисоботи вазорат «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2020 ва вазифаҳо барои давоми соли 2020»-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Инчунин, раиси ҷаласа, муовини якуми вазири маориф ва илм М.Саломиён дар хотима зикр кард, ки кормандони соҳаи маориф ва илм аз дастуру ҳидоятҳо ва иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои рушди илму маориф, тарбияи насли ҷавони худшиносу ватандӯст ва муҳофизи содиқи ин марзу бум равона шудаанд, илҳом гирифта, мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дар амал табиқ намоянд. Ҳамзамон, вобаста ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар ҷашну санаҳои муҳими милливу таърихӣ чораҳои зарурӣ андешида, барои таъмини сифати таҳсилот ва тарбияи насли наврас саъю талош намоянд.