МТМК: Озмунҳои ҷумҳуриявии “Рассоми беҳтарин” ва “ Сарояндаи беҳтарин” баргузор гардид

09-04-2021
9-уми апрели соли ҷорӣ дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ озмунҳои ҷумҳуриявии “Сарояндаи беҳтарин” ва “ Рассоми беҳтарин” баргузор гардид.
Дар он Диловар Қодирзода- муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳокимхон Вализода - сардори раёсати таҳсилоти ибтидои ва миёнаи касбӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок карданд.
Зимни маросими ифтитоҳӣ зикр гардид, ки бо мақсади тарғибу ташвиқ, инкишоф додани шавқу завқи ҷавонон ба санъати сарояндагӣ ва тасвирӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва омода намудани онҳо ба озмуну фестивалҳои сатҳи байналмилалӣ, инчунин, дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни имрӯза дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад. 
Инчунин, таъкид карда шуд, ки озмунҳои мазкур дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва бедор намудани завқи эстетикию зебоипарастӣ нақши муҳим дошта, барои расидан ба ҳадафҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тарбияи эстетикӣ, маърифатию фарҳангии  омеа дорад, саҳм хоҳанд гузошт.
Озмунҳои зикршуда аз рӯйи санъати ҳайкалтарошӣ, коркарди бадеии чӯб, санъати ороиши амалӣ, бофандагии бадеӣ, графика, рассомӣ, ороиши либос ва матоъ, жанри шашмақом, фалак, академӣ ва эстрада гузаронида шуд, ки дар озмуни “Рассоми беҳтарин” Коллеҷии ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов ҷойи якум, Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ҷойи дуюм ва Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи С. Ҳофиз ҷойи сеюмро ба даст оварданд. Ҳамчунин, дар озмуни “Сарояндаи беҳтарин” Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов ҷойи якум, Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи С. Ҳофиз ҷойи дуюм ва Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи К.Қурбонов ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Ғолибон бо медал ва дипломҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюм қадрдонӣ гардиданд.
 
Азизаи Сафоназар