МИЗИ МУДАВВАРИ ВАЗИРОН

29-06-2022
Нимаи дуюми рӯзи 29-уми июн дар бошишгоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ҷаласаи Саммити муқаддимотии вазирони маорифи кишварҳои дунё баргузор гардид, ки дар он наздики 2 ҳазор нафар, аз ҷумла 154 вазири маориф ва муовинони вазирони маорифи кишварҳои дунё иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Дар ҳамоиши мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири маориф ва илм Рахим Саидзода намояндагӣ намуданд, ки дар он масъалаҳо перомуни муҳиммияти трансформатсияи соҳаи маориф дар дунё, рафъи оқибатҳои буҳрони КОВИД-19 ва омодагӣ ба Саммити сатҳи баланд, ки дар назар аст дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор гардад, мавриди баррасии иштирокдорон қарор дода шуд.
Дар рафти Саммит ҳар як вазир ва муовинони вазирон доир ба корҳои анҷомдодашуда дар самти трансформатсияи соҳаи маориф дар кишварҳои худ маълумот доданд. 
Бинобар сабаби зиёд будани теъдоди иштирокдорон Саммит ҷаласаҳои худро ба таври параллелӣ дар утоқҳои ҷудогона баргузор намуд, ки дар утоқи якуми қароргоҳи ЮНЕСКО дар қатори 21 вазири маориф суханронии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Саидзода сурат гирифт.
Вазир зимни суханронии худ нахуст аз ташкилкунандагони ҳамоиши мазкур изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, ҳамзамон, доир ба дастгириҳои давлату Ҳукумати Чумхурии Точикистон дар самти маориф ва илм, таҳия ва табиқи барномаҳои давлатӣ, ҳамасола зиёд гардидани маблағгузории соҳаи маориф, дастрасии кӯдакон ба таҳсил, фарогирии хонандагон, хусусан духтарон ба муассисаҳои таълимӣ, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим ва чанде дигар маълумоти муфассал дод. Баромади Р.Саидзода аз ҷониби ҳозирин хуб пазируфта шуд.