МАСТЧОҲ: МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №19 БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

07-10-2021
7-уми октябри соли равон дар деҳаи Обиширини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Собирзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ М. Атовуллозода, муовини раиси ноҳия З. Умарзода, сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм Д. Сафарзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ И. Оқилзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ба истифода дода шуд. 
Муассисаи таълимии мазкур 2-ошёна буда, барои 168 нафар хонанда дар як баст сохта шудааст ва аз 6 синфхонаи таълимӣ ва синфхонаи компютерӣ иборат мебошад. 
Маврид ба зикр аст, ки сохтмони иншооти мазкур дар доираи амалигардонии марҳилаи навбатии Фонди Саудии Рушд аз ҷониби «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо»» ба нақша гирифта шудааст.