МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ГАНҶ”

26-10-2019
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ” бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, муовинони вазири маориф ва илм ва кормандону аъзоёни ҳизб маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи фаъолияти дувунимсолаи ташкилоти ибтидоӣ ироа гардид. Зимни ироаи ҳисобот муовини вазири маориф ва илм Л.Назирӣ зикр намуд, ки ташкилоти ибтидоии «Ганҷ» дар Вазорати маориф ва илм 64 нафар фаъолонро аз ҳисоби академикҳо, профессорон, докторони илм ва фаъолони соҳа дар атрофи худ мутаҳҳид намудааст. Ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти худро тибқи нақша ба роҳ монда, дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ноҳия, шаҳр ва ҷумҳурӣ фаъолона иштирок менамоянд. Яке аз роҳҳои расидан ба  ҳадафҳои рушди устувор баланд  бардоштани сифати таҳсилот мебошад, ки он дар татбиқи нақшаву барнома, стратегия ва консепсияҳои соҳавӣ инъикос меёбад. Аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ барои расидан ба ҳадафҳои муҳими соҳа, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020 ва иҷрои нақшаҳои миёнамуҳлати он тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда истодаанд, ки сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд шуда, фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилотӣ томактабӣ ба ҳадди зарурӣ расонида шавад.
Дар идома аъзоёни ташкилот ба музокира баромада, ҳисоботи роҳбарияти ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. 
Сипас, Зулфиқор Гулаҳмадзода зимни баромади худ иброз дошт, ки дар тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ба камол расонидани фардеро, ки равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад, ҲХДТ саҳми назаррас дорад. Зимнан оид ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби идеологияи солими миллӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ, пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона суханронӣ намуда, таъкид кард, ки масъулияти ҳизбӣ ва шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа аст, ки манфиатҳои миллиро дифоъ, Истиқлолияти давлатиро таҳқим, ягонагии давлат ва миллатро ҳифз ва низоми дунявияти идоракунии давлатро нигоҳ дорад.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи ҳисоботии мазкур раиси ташкилот, муовини ӯ аз нав интихоб гардиданд.
М.Убайдуллоева