МАКТАБИ БУЗУРГИ ХУДШИНОСӢ

16-10-2020
   Таърихи на чандон дароз ва пурифтихори Истиқлоли давлатӣ барои мардуми кишвар мактаби бузурги худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад ва дар ин раванд бемуҳобо хизмати шоистаи Роҳбари давлати тоҷикон, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як хонадони тоҷикистонӣ ҳамчун нишони худогоҳӣ, пешрафт, рушд ва давлатдории асил эътироф гардидааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар симои Сарвари хирадманди хеш шахсияти ба ҳама ситоишҳо арзанда, сиёсатмадори муваффақи сатҳи ҷаҳонӣ, фарди поктинату қавиирода, инсони асил ва дорои кулли хусусиятҳои неки одамиро дарёфтаанд.
   Барои тақвияти ин гуфтаҳо далелҳои раднопазири раванди давлатдорӣ ва инсонпарварии ин фарди беназир хеле зиёданд, ки ҷамъи далелҳои холисона дар муддати наздик ба сисолаи таърихӣ шояд чандин ҷилд китобҳоро ташкил диҳад. Вале бо вуҷуди хеле фаровону фарох будани мисолу далелҳо мо метавонем ҳамагӣ як сафари қарибулвуқӯи воқеан таърихӣ ва пурмазмуни Роҳбари давлатро ба шаҳру навоҳии кишвар танҳо дар раванди рушди як самти ҷомеа, яъне соҳаи илму маорифи кишвар мавриди омӯзишу таҳлил қарор диҳем.
   Мавриди ёдоварист, ки Пешвои муаззами миллат ҳанӯз аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлол гардидани кишвари тоҷикон новобаста аз душвориҳои паёпайи иқтисодию иҷтимоӣ мактабу маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноку аслии ҷомеа эълон намуда, ҳамарӯза барои рушду такомули ин самт заҳмат ба харҷ додаанд. Натиҷаи саъю талошҳои пайвастаи Сарвари кишвар дар тӯли начандон дароз садҳо мактабҳои наву замонавӣ, садҳо ҳазор ҷои нишасти ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир барои хонандагону донишҷӯён, ҳазорҳо толорҳои хонишу варзиш, садҳо муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, китобхонаҳо, боғчаҳои кӯдакон ва ин амсолро ба вуҷӯд овард.
   Танҳо дар давоми як сафари кории Пешвои муаззами миллат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки аз 17 август оғоз гардида, то 25 сентябри соли равон идома ёфт, дар маҷмӯъ 24 иншооти соҳаи маориф мавриди истифодабарӣ қарор ёфта, барои оғози сохтмони 2 муассисаи таълимии замонавӣ санги асос гузошта шуд.
   Дар нахустин рӯзи оғози соли нави таҳсил бо иштироки Сарвари давлат дар шаҳри Душанбе як бинои таълимӣ бо тамоми шароит ва 624 ҷои нишаст, ҳамзамон хобгоҳи ҷавобгӯй ба талаботи муосир бо 230 кат дар ҳудуди Литсейи Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд ва дар ноҳияи Шоҳмансур муассисаи таълимии № 102 бо тамоми шароити замонавӣ ва 1200 ҷои нишаст мавриди истифода қарор гирифт. 1-уми сентябр бошад бо иштироки Пешвои миллат дар ҳудуди ҳамин ноҳияи шаҳр кӯдакистони муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе» барои 120 кӯдак ба фаъолият оғоз намуд.
   Ҳамин тариқ, 19 августи соли равон сафари кории Президенти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сурат гирифт ва тӯли ин раванд дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз барои 480 ҷои нишаст ба бинои замонавии мактаби Президентӣ санги асос гузошта шуда, ҳамзамон дар деҳаи Вамари ноҳияи Рӯшон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9 бо 640 ҷои нишаст ва дар маркази ноҳия бинои маъмурии шуъбаи маориф бо тамоми таҷҳизоти муосиру замонавӣ ба истифода дода шуданд. 21-уми август бошад, бо иштироки Пешвои миллат дар маркази шаҳри Хоруғ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 бо 480 ҷои нишаст дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфт.
   Даҳаи дуюми моҳи сентябр сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд анҷом ёфт ва санаи 12-уми сентябр бо иштироки Сарвари давлат дар шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 74 бо 640 ҷои нишаст ва бо тамоми шароитҳои муосир ба истифода супорида шуд. Рӯзи 14-уми сентябр бо иштироки Роҳбари давлат дар маҳаллаи Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42 бо 640 ҷои нишаст ва кӯдакистони хусусии «Ваҳдат» барои 200 нафар кӯдак ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, қомат афрохтани бинои хуштарҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ дар маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон ва ба истифода додани кӯдакистони хусусии «Ориён» барои 120 кӯдак дар ҷамоати деҳоти «Палдорак» маҳз дар ҳамин ҷараёни сафари кории Роҳбари давлат ба вуқӯъ пайваст.
   15-уми сентябр сафари кории Роҳбари муаззам дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд идома ёфта, дар маркази ҷамоати деҳоти Понғоз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 бо 720 ҷои нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
   Ҳамин минвол, даҳаи дуввуми моҳи сентябр сафари кории Пешвои миллат дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон идома ёфта, аз ноҳияи Шаҳритус оғоз гардид ва дар маркази ноҳия бинои шуъбаи маориф ба истифода дода шуд. Дар ҷамоати 20-солагии Истиқлолияти деҳаи Советободи ноҳияи Вахш бошад, бинои таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 барои 240 ҷои нишаст ва дар деҳаи Рӯдакии ноҳияи Вахш бинои нави муассисаи таълимии № 7 бо 264 ҷои нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
   Санаи 23-юми сентябр сафари кории Сарвари давлат ва аъзоёни Ҳукумат дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҷараён гирифта, дар ин раванд дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 бо 240 ҷои нишаст ва бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 20 деҳаи Зерқалъа ба истифода дода шуданд.
   Зимни сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Восеъ дар деҳаи Ибрати ҷамоати деҳоти Тугарак барои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 240 ҷои нишаст санги асос гузошта шуда, дар идомаи сафари корӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15 дар деҳаи Тосқалъаи ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев барои 640 ҷои нишаст, бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 бо 240 ҷои нишаст ва дар назди муассисаи таълимии №70 бинои иловагӣ барои 320 ҷои нишаст, ки бо ибтикори соҳибкор Қурбоналӣ Мирзоалиев бунёд гардида буд, мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфтанд.
   Ба истифода супоридани бинои таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, дар деҳаи Деҳбаланди ноҳияи Муъминобод бо 240 ҷои нишаст низ маҳз дар ҳамин ҷараён сурат гирифт.
   Санаи 25-уми сентябр сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Ховалинг идома ёфта, дар маркази ноҳия муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 пас аз навсозӣ барои 750 ҷои нишаст, дар деҳаи Токак бинои таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 бо 192 ҷои нишаст ва дар ҷамоати деҳоти Шугнов кӯдакистони хусусии «Сафия» барои 140 нафар кӯдак ба истифода дода шуданд.
   Хуллас, дар давоми ин сафари кории Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар 4 муассисаи томактабӣ барои 580 нафар кӯдак, 17 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 16524 ҷои нишаст дар ду баст, 3 бинои шуъбаи маорифи мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфта, ба оғози сохтмони 2 муассисаи таълимӣ барои 1440 ҷои нишаст дар ду баст санги асос гузошта шуд.
   Далелҳои зикргардида собит месозанд, ки соҳаи илму маорифи кишвар маҳз бо талошу дастгирӣ ва дастуру супоришҳои Роҳбари муаззами миллат дар ҳоли рушди комил аст.
 
Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОДА,
директори Коллеҷи информатика ва техникаи
компютерии шаҳри Душанбе, номзади илмҳои иқтисодӣ