МАКТАБ-ИНТЕРНАТҲОИ МАҚОМИ МАҲАЛЛИДОШТА БЕҲБУДӢ МЕХОҲАНД

06-05-2021
Ба таваҷҷуҳи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ

Бо мақсади иҷрои Нақшаи кори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 вазъи шароити таълиму тарбия ва буду боши хонандагон дар мактаб-интернатҳои мақоми маҳаллидоштаи шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Роғун, Турсунзода, ноҳияҳои Фархор, Восеъ, Темурмалик, Муъминобод, Вахш, Шаҳритус ва Қубодиён мавриди сарҷиш қарор дода шуд.
Дар рафти санҷиш ба масъалаҳои вазъи таълиму тарбия, тартиби қабули таълимгирандагон, мувофиқатии буду боши онҳо ба талаботи Низомномаи намунавии муассисаҳои давлатии таълимии навъи мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолати ҳуҷҷатдорӣ, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи нақшаи кори солона ва масъалагузорӣ бо назардошти фарогирии паҳлуҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва китобҳои дарсӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, ҷиҳозонидани кабинетҳои фаннӣ, ҳолати ҳобгоҳҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
 
Фарогирӣ ба муассисаҳо
Зимни санҷиши 17 муассиса маълум гардид, ки шумораи тарбиятгирандагон ва вазъи иҷтимоии онҳо дар мактаб-интернатҳои санҷидашуда то рӯзи санҷиш гуногун аст. Дар ин муассисаҳо 2117 нафар фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 74 нафар ятими кулл, 674 нафар бепадар, 138 нафар бемодар, 52 нафар бепарастор, 35 нафар дар парастории дигар қарордошта, 346 нафар аз оилаҳои камбизоат, 115 нафар маъюб ва бемориҳои сироятӣ ва 92 нафар дар маҳалли зист мактабнадошта ташкил медиҳанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қабули кӯдакон ба Хонаи кӯдакон ва мактаб-интернатҳо барои кӯдакони ятиму бепарастор тибқи талаботи бандҳои 42 ва 43 Низомномаи намунавии муассисаҳои давлатии таълимии навъи мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.08.2017, №411 ба роҳ монда нашудааст.
Бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи банди 42 Низомномаи мазкур ба мактаб-интернатҳо барои кӯдакони ятиму бепарастор танҳо кӯдакони ятими кулл, нимятим, бепарастор, кӯдаконе, ки падару модарашон бо қарори суд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум, ё аз онҳо расман даст кашидаанд ва ё падару модарашон гирифтори бемориҳои сироятии барои онҳо хавфнок (бемории сил, вируси норасоии масунияти одам, нашъамандӣ мебошанд) қабул карда мешаванд.
Аз таҳлилҳо бар меояд, ки аз 17 мактаб-интернати санҷидашуда 10 мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор буда, 383 нафар хонандагон хилофи талаботи банди 42 Низомномаи мазкур ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Аз ҷумла, дар мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Раҳмон Шукури ноҳияи Темурмалик аз 106 нафар 54 нафар (51%), Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод аз 81 нафар 45 нафар (55,5%), Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Мирзо Сатторови ноҳияи Вахш аз 300 нафар 102 нафар (34%) ва Мактаб-интернати ба номи Эргаш Ямоқови ноҳияи Шаҳритус аз 80 нафар 50 нафар (62,5%) хилофи талаботи банди 42 Низомномаи намунавии муассисаҳои давлатии таълимии навъи мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки Мактаб-интернати ҷумҳуриявии барои кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб барои 250 нафар ва хобгоҳ барои 220 нафар пешбинӣ шудааст ва айни ҳол 100 нафар тарбиятгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст ва Мактаб-интернати ҷумҳуриявии барои кӯдакони ятими ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бошад, барои 350 нафар ва хобгоҳ барои 220 нафар пешбинӣ гардида, айни ҳол 100 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки мақоми мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Раҳмон Шукури ноҳияи Темурмалик, Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод, Мактаб-интернати ба номи Эргаш Ямоқови ноҳияи Шаҳритус, Мактаб-интернати ятиму бепарастори ноҳияи Қубодиён, Мактаб-интернат ва Хонаи бачаҳои шаҳри Роғун, Парваришгоҳи наздимактабии ноҳияи Фархор, хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода ва Мактаб-интенрати №1 деҳаи Арали ноҳияи Восеъ тағйир дода шуда, ба муассисаи таҳсилоти умумӣ табдил дода шавад. 
Тарбиятгирандагони ин муассисаҳо, ки ба талаботи Низомнома мутобиқат менамоянд, ба мактаб-интернатҳои мақоми ҷумҳуриявидоштаи наздик ба ин муассисаҳо гузаронида шаванд.
Ҳамзамон, мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор барои 120 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст. Айни хол дар мактаб – интернат 232 нафар кӯдаки нобино аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки аз меъёри муқарраргардида 112 нафар зиёд мебошад.
Қобили тазакур аст, ки аз шумораи умумии таълимгирандагон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 7 нафар, вилояти Хатлон 44 нафар ва шаҳри Душанбе 55 нафар мебошанд. Инчунин, дар шаҳри Душанбе муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Исфара барои кӯдакони нобино то синфи 9 амал менамояд. 
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки Муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Душанбе ба зинаи таҳсилоти умумии асосӣ ё миёнаи умумӣ ва муассиса дар шаҳри Исфара ба зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуда, ба ин васила шумораи кӯдакони мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор кам шуда, шароити буду боши таълимгирандагон беҳтар карда шавад. 
Инчунин, тибқи талаботи банди 43 Низомномаи мазкур ба хонаи кӯдакон (зинаи таҳсилоти томактабӣ) кӯдакони ятими синну солашон аз 2-моҳа то 7-сола, ки ба категорияҳои Низомнома муқаррарнамуда мутобиқат мекунанд  қабул карда мешаванд.
Аммо, дар хонаи кӯдакони шаҳрҳои Турсунзода ва Роғун талаботи банди мазкур ба инобат гирифта нашуда, тарбиятгирандагон аз синфи 1 то 11 ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ин хилофи талаботи мазкур мебошад.
Дар хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода танҳо 6 нафар кӯдаки синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
 
Таъминоти кадрӣ 
Дар рафти санҷиш вазъи таъминоти кадрии мактаб-интернатҳои мақоми маҳаллидошта диққати ҷиддӣ дода шуд.
Санҷиш нишон дод, ки дар муассисаҳои таълимӣ имрӯз 322 нафар омӯзгор, аз инҳо 255 нафар (79,1%) бо таҳсилоти олии касбӣ, 12 нафар (3,7%) бо таҳсилоти олии нопурра, 48 нафар (14,9%) бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 7 нафар (2,1%) бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд. 
Санҷиш нишон дод, ки ҳарчанд мактаб-интернатҳо бо кадрҳои ихтисосманд таъмин бошанд ҳам, аммо дар ин самт камбудиҳо ҳанӯз ҷой доранд. 
Аз ҷумла, дар мактаб-интернати ёрирасони №1 шаҳри Кӯлоб як нафар бо ихтисоси омӯзгори фанни синфҳои ибтидои аз фанҳои забони русӣ, дар Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Раҳмон Шукури ноҳияи Темурмалик як нафар бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик аз фанни технологияи иттилоотӣ, дар мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе як нафар бо ихтисоси педагогика ва психологияи томактабӣ дар синфҳои ибтидоӣ, як нафар бо ихтисоси синфҳои ибтидоӣ аз фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ, дар муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоёни шаҳри Душанбе як нафар бо ихтисоси забону адабиёти рус дар синфҳои ибтидоӣ дарс медиҳанд.
Ҳамзамон, як нафар омӯзгори хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода бо ихтисоси рӯзноманигор ва як нафар бо ихтисоси муҳандиси радиофизика ва электроника аз фанни технология дар мактаб-интернати ёрирасони №1 шаҳри Кӯлоб дарс медиҳанд.
Ҳамчунин, санҷиш нишон дод, ки дар муассисаҳои таълимии санҷидашуда имрӯз 206 нафар мураббӣ, аз инҳо бо таҳсилоти олии касбӣ 131 нафар (63,5 %), 15 нафар (7,2%) бо таҳсилоти олии нопурра 42 нафар (20,3%), бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 18 нафар (8,7%) бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд. 
Аз ҷумла, дар хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода 6 нафар, Мактаб-интернати ятиму бепарастори ноҳияи Қубодиён 4 нафар ва Мактаб-интернати ба номи Эргаш Ямоқови ноҳияи Шаҳритус 8 нафар бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд. 
 
Иҷрои саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ 
Санҷиш нишон дод, ки дар мактаб-интернатҳои мавриди санҷиш қароргирифта ҷузвдонҳои алоҳида вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ташкил гардида, вобаста ба онҳо нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидааст. 
Бояд қайд намуд, ки бо қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор аз 29 сентябри соли 2020, №83 “Дар бораи иваз намудани Хонаи кӯдакони ноҳияи Фархор ба Парваришгоҳои наздимактабии ноҳияи Фархор” иваз гардидааст, аммо то ба ҳол Оиннома иваз карда нашудааст.
Инчунин, оинномаҳои мактаб-интернат ва Хонаи бачаҳои шаҳри Роғун тибқи талабот таҳия карда нашудаанд.
Аз ҷумла, тартиби қабул, вақтҳои таътил, инчунин дар оиномаи мактаб-интернати шаҳри Роғун дар банди 7.9 оварда шудааст, ки “машғулиятҳо барои хонандагони синфи 1 як моҳ пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасад”. Ин талабот дар ягон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дарҷ нагардидааст. Дар Мактаб-интернати ба номи Эргаш Ямоқови ноҳияи Шаҳритус Оиннома аз соли 2014 таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Ҳамзамон, талаботи Низомномаи намунавии муассисаҳои давлатии таълимии навъи мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта нашудааст.
 
Ҳолати хобгоҳҳо
Санҷиш нишон дод, ки имрӯз шароити буду боши таълимгирандагон дар хобгоҳҳо беҳтар гардида бошад ҳам, ҳануз дар ин самт камбудиҳо ҷой доранд.
Аз ҷумла, дар Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор, мактаб-интернатҳои №2 ва №3 барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта, муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбин, Хонаи кӯдакони синни томактабии №1 шаҳри Душанбе, мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Мирзо Сатторови ноҳияи Вахш тарбиятгирандагон бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили кат, кӯрпа, маводи нарм (матрас, простин, пододеяльник), либосиҳои мактабӣ, хонагӣ, варзишӣ, пойафзоли дохилии нарм, воситаҳои гигиенӣ таъмин мебошанд. Ҳолати санитарии хобгоҳҳои мактаб-интернатҳои зикргардида хуб буда, ҳатто  барои пойафзоли таълимгирандагон рафҳои ҷудогона ташкил карда шудааст. 
Аммо дар мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод, мактаб-интенрати №1 деҳаи Арали ноҳияи Восеъ гарчанде таълимгирандагон бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин бошанд ҳам, вале ҳолати санитарии интернат хуб нест. Барои хонандагон рафҳои алоҳидаи пойафзол, собун, хокаи дандоншӯи, шотка, ҷевони алоҳида барои либосовезӣ ташкил нашудааст.
Мутаасифона, ҳолати хобгоҳҳои мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод ба ягон талаботи санитариву гигиенӣ ҷавобгӯ набуда, хонандагон либосҳои худро дар девор овезон менамоянд, дар хобгоҳҳо ҷевон барои либос, пойафзол, маводи хониш набуда, рахтҳои хоб пурра таъмирталаб мебошанд. Инчунин, тарбиятгирандагони мактаб-интренати ноҳияи Қубодиён пойафзоли хонагӣ надоранд. 
 
Таъминот бо хӯрок
Санҷиши муайян намуд, ки дар мактаб-интернатҳои мақоми маҳаллидошта барои хурду хӯроки тарбиятгирандагон дар як рӯз маблағҳои гунонун, мутаносибан аз 1 сомонию 25 дирам то 11 сомонию 72 дирам пешбинӣ шудааст.
Бояд қайд намуд, ки ба дар мактаб-интернатҳо ба тарбиятгирандагон дар як рӯз 3-4 маротиба хӯрок шуда мешавад. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Хонаи бачаҳои шаҳри Роғун барои як тарбиятгиранда дар як рӯз 3,8 сомонӣ, Мактаб-интенрати №1 деҳаи Арали ноҳияи Восеъ 5 сомонӣ, Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод 5,56 сомонӣ, Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Раҳмон Шукури ноҳияи Темурмалик 5,68 сомонӣ, Мактаб-интернати ба номи Эргаш Ямоқови ноҳияи Шаҳритус 1,25 сомонӣ ва Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Мирзо Сатторови ноҳияи Вахш 1,7 сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Боиси зикр аст, ки дар Хонаи бачаҳои шаҳри Роғун барои як тарбиятгиранда дар як вақт 1,2 сомонӣ , Мактаб-интенрати №1 деҳаи Арали ноҳияи Восеъ 1,6 сомонӣ, Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод 1,85 сомонӣ, Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Раҳмон Шукури ноҳияи Темурмалик 1,89 сомонӣ, Мактаб-интернати ба номи Эргаш Ямоқови ноҳияи Шаҳритус 0,41 сомонӣ ва Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Мирзо Сатторови ноҳияи Вахш 0,56 сомонӣ рост меояд.
Масъалаи мазкур дар мактаб-интернатҳои мақоми ҷумуриявидошта ва мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе аз 11 сомонӣ то 11,4 сомонӣ дар як рӯз барои як тарбиятгиранда пешбини шудааст, ки барои як тарбиятгиранда дар як вақт хӯрок аз 3,66 сомонӣ то 3,75 сомонӣ рост меояд.
 
Мақоми муассиса
Тибқи талаботи 8 Низомномаи намунавии муассисаҳои давлатии таълимии навъи мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини мактаб-интернат фаъолият карда метавонанд: мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор, мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта, интернати давлатии наздимактабӣ, мактаб-интернати давлатии навъи санаторӣ, мактаб-интернати давлатии махсус ва хонаи кӯдакон барои кӯдакони ятиму бепарастор. 
Бояд қайд намуд, ки номи Мактаб-интернати ёрирасони №1 шаҳри Кӯлоб, Парваришгоҳи наздимактабии ноҳияи Фархор, Хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода, Мактаб-интернати ятиму бепарастори ноҳияи Қубодиён, Мактаб-интернати шаҳри Роғун, Хонаи кӯдакони шаҳри Роғун, муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Душанбе, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоёни шаҳри Душанбе ба талаботи банди 8 Низомномаи мазкур мутобиқат намекунанд.
 
Зарур аст, ки...
Воқеан ҳам, бо будани чунин вазъи нигаронкунанда масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сапрдорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки:
- ба ин навъи муассисаҳои таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, ҷиҳати беҳтар намудани вазъ чораҳои зарурӣ андешанд;
- барои аз мактаб-интернатҳо хориҷ ва ба муассисаҳои таҳсилоти умумии маҳали зист ба таълиму тарбия фаро гирифтани тарбиятгирандагони хилофи талабот қабулшуда чораҳои тахирнопазир андешанд;
- ҳангоми ба кор қабул намудани омӯзгорони фаннӣ ва мураббиён талаботи Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии навъи мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гиранд;
- ҷиҳати мутобиқат намудани номи мактаб-интернатҳои мазкур ба талаботи 8 Низомномаи намунавии муассисаҳои давлатии таълимии навъи мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ  намоянд;
- дар самти коргузорию ҳуҷҷатнигорӣ, таъминоти маводи ёрирасони дастурдиҳӣ, воситаҳои таълимӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ҳамкориро пурзӯр намуда, ҳолати ҳуҷҷатдориро дар муассисаҳои таълимӣ такмил диҳанд;
- дар мактаб-интенатҳо ташкили дарсҳои иловагӣ ва маҳфилҳои фанниро ҷоннок намуда, барои таҳким бахшидан ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти маҳфилҳои гуногун, бахусус ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои мушаххас андешанд;
- барои дар китобхонаи мактаб-интернатҳо аъзо намудани таълимгирандагон, ҳамчунин дар хобгоҳҳо ташкил намудани гӯшаҳои китоб, баргузор намудани озмунҳои “Китобхони беҳтарин” дар партави озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” чораандешӣ намоянд;
- ҷиҳати дар хобгоҳҳо муҳайё намудани шароити мусоиди дарстайёркунӣ, ҷоннок намудани чорабиниҳои таълимӣ - фарҳангӣ ва таъмин намудани ҳар як таълимгиранда ба ҷевонҳои шахсӣ тадбирҳо андешанд;
- барои таъмини беҳдошти солимии таълимгирандагон, доимо таъмин будан бо об (аз ҷумла оби гарм), собун ё маҳлулҳои дастшӯйӣ ва лавозимоти гигиенаи шахсӣ чораҳои зарурӣ андешанд;
-  ҷиҳати сафарбар намудани омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос ва пешбинӣ намудани маблағи сафархарҷии онҳо дар сметаи хароҷотии мактаб-интернатҳо чораҷӯӣ намоянд.
Қутбиддин МУҲИДДИНЗОДА-
сардори раёсати таҳсилоти умумӣ,
Эҳсон САФАРЗОДА-
сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм