КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА 26-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯ

04-11-2020
   4 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба 26-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории тоҷикон” баргузор гардид.
   Дар чорабинии мазкур намояндагон аз Вазорати маориф ва илм, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Точикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, инчунин, олимону донишмандон ва коршиносони соҳаи ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд.
   Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шомансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва директори Марказии миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло оғоз бахшида, иштирокчиёнро ба муносибати 26-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол шодбош гуфтанд.
   Иштирокдорони ҳамоиш зимни баромадҳои худ дар мавзӯъҳои марбут ба паҳлуҳои гуногуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, мавқеи ин санади муҳими сиёсиро дар замони муосир ва ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор ва назаррас унвон намуданд.
   Саидзода Иззатулло аз таърихи ташаккули санади тақдирсоз суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки Конститутсияи амалкунанда тамоми мунасибатҳои ҷамъиятиро фаро гирифта, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва омилҳои пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд. 
   Ҳамзамон, як қатор олимону донишмандони дигар низ бо маърӯзаҳои илмиву таҳлилии хеш баромад намуда, паҳлуҳои мухталифи қонунгузории кишварро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.
   Дар охири конференсия миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки дарбаргирандаи масъалаҳои марбут ба қонунгузории кишвар буд. 
   Қайд гардид, ки баргузории чунин чорабиниву конференсияҳо ба инкишофи минбаъдаи илми ҳуқуқи тоҷик, рушди қонунгузорӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда дар ҷодаи эҳтиром ба Конститутсия ва риояи қатъии меъёрҳои он ва умуман, қонунгузории мамлакат мусоидат хоҳанд кард. 
Азиза Бодурова