КОНФЕРЕНСИЯ: “НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ САРНАВИШТСОЗ ДАР РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ”

14-11-2022
14-уми ноябри соли ҷорӣ бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши Иҷлосияи сарнавиштсоз дар рушди илму маорифи кишвар” конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорону кормандони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, инчунин, омӯзгорони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, муовини вазири маориф ва З.Абдулзода дар ибтидо зикр кард, ки бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон имрӯз мо дар остонаи таҷлили санаҳои бузурги миллию таърихӣ - Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президент, ки дастоварди муқаддастарини халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, қарор дорем.
- Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули Истиқлоли миллӣ, таъин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард,-зикр кард муовини вазир З.Абдулзода.
Дар идома Ҳумоюн Имомов-омӯзгори кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзуи “Аҳамияти ҳуқуқӣ-конститутсионии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Довуд Ализода-сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм дар мавзуи “Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ ва сарнавишти Тоҷикистон: омилҳои таърихии даъват ба иҷлосия” маърӯза намуданд.
Таъкид гардид, ки дар 30 соле, ки миллати тоҷик Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд, соҳаи маориф низ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид. Хусусан, дар тули 30 сол бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ ба соҳаи маориф ба таври чашмрас афзоиш ёфт. Агар соли 2000 ба соҳаи маориф 37 миллиону 425 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2022 ба 6 миллиарду 304 миллиону 25 ҳазор сомонӣ расид. Яъне, маблағузорӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим дар соли ҷорӣ нисбат ба ММД 6 фоиз ва нисбат ба хароҷоти буҷет 18,6 фоизро дар бар мегирад. 
Ҳамзамон, дар ин солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ 130 созишнома ва барномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи маориф, илм ва техникаро ба имзо расонидааст. Дар асоси санадҳои мазкур зиёда аз 40 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои барои иқтисодиёти миллии кишвар зарур дар 38 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд. 
- Истиқлол ва сулҳу ваҳдати миллӣ ифтихору сарбаландии ҳар фарди ватандӯст, бахусус, кормандони соҳаи маориф ва илм, хонандагону донишҷӯён ва наврасону ҷавонон мебошад. Бинобар ин, бояд ба қадри ин неъматҳои бебаҳо расем ва дар таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи амнияти миллӣ саҳм гузорем. Зеро маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, Иҷлосияи Шурои Олӣ, сулҳу Ваҳдати миллӣ ва ғамхориву дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои маориф ва илми кишвар ба таври чашмрас ва назаррас рушду инкишоф ёфтанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар иҷрои вазифаҳои хеш боз ҳам масъулияти бештар эҳсос намуда, наврасону ҷавононро ба омӯзиши васеи илмҳои бунёдӣ роҳнамоӣ карда, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ба камол расонем,- таъкид кард дар охир муовини вазир З.Абдулзода.