КОНФЕРЕНСИЯ: «МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА АДАБУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ»

03-05-2021
3-юми майи соли 2021 бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 110 – солагии Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода ва адабу фарҳанги миллӣ» баргузор шуд.
Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қобилҷон Хушвахтзода - ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Низом Қосим – раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Вираҷ Синх – Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон, Муҳаммад Зоҳир Ағбар – Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сафоратҳои Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Федератсияи Россия дар Тоҷикисон ва ҳайати проффесорону омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
 Қобилҷон Хушвахтзода - ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  қайд намуд, ки меҳри устод Мирзо Турсунзода дар ошёнаи баландтарин - дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард. Шоири башардўст дар хонаи дили худ на танҳо меҳру муҳаббати халқи азизаш, балки озодихоҳони ҷаҳонро низ ҷой дода буд.
Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ ба ин ғояҳои бузурги устод Мирзо Турсунзода баҳои баланд дода, бо таъкид бар аҳамият ва арзиши умумиинсонии онҳо дар замони муосир навиштаанд: «Ғояҳои олии умумиинсонӣ - ҳифзи сулҳ, ҳимояи манфиатҳои аҳли заҳмат, ҳисси масъулият нисбат ба тақдири инсоният, рафоқат ва дўстии халқҳо дар лирикаи сиёсӣ ва дигар ашъори иҷтимоии Мирзо Турсунзода бо камоли истеъдод ва санъати сухан, бо нафар фарзанди миллати шоирпеша ва соҳибфарҳанги тоҷик Мирзо Турсунзода ба хазинаи тамаддуни башар низ дар ҳамин аст».
Ҳамчунин, дар кори конфронс Низом Қосим – раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маърўза намуда, қайд кард, ки устод Мирзо Турсунзода шоирест, ки аз байни халқ баромадааст. Ў дар як хонадони одии деҳаи кўҳистон тарбият ёфта, аз саргузашти халқ, таърихи воқеиву зиндаи он, одоби миллӣ, суннату оинҳо, мушкилоту фоҷиаҳои ба сари мардум омада, ормонҳои миллии халқаш ба хубӣ огоҳ аст. Аз ин рў, сухани ў дар ин мавзўъҳо равшану равон ва табиист.
Инчунин, Ҷумабой Ҳамроев - профессори Ҷумҳурии Ўзбекистон тариқи онлайн оид ба “Робитаи адабии халқҳои тоҷику ўзбек (дар мисоли осори М.Турсунзода ва Ш. Рашидов)” маърўза намуда, баён кард, ки устод Мирзо Турсунзода ҳамчун арбоби ҷамъиятӣ, публитсист, вассофи шуълавари дўстиву бародарии халқҳо ҳаёти ибратбахшеро аз сар гузаронидааст.
Сипас, кофронс кори худро дар бахшҳо идома дода, иштирокдорон, аз ҷумла А.Кўчарзода – профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ дар мавзўи “Пайванди тасвири бадеӣ”, М.Мирзоюнус – профессори кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар мавзўи “Тасвир ва аносири тасвирсоз дар ашъори Мирзо Турсунзода”, А.Маҳмадаминов – профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ дар мавзўи “Мирзо Турсунзода ва масъалаи омўзиши мероси адабӣ (Дар асоси мактуби М.Турсунзода ба устод Айнӣ)”, Сироҷиддини Эмомалӣ – профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ дар мавзўи “Ҳамназарии ду адиби бузург (Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода)” ва дигарон  маърўза намуданд.
Инчунин дар анҷоми ҷаласаи ифтитоҳӣ донишҷўёни факултети филология ва журналистика аз ашъори ҷовидонаи устод Мирзо Турсунзода баҳри ҳозирин шеърҳо қироат намуданд.

                 
МАВЗУНАХОН УБАЙДУЛЛОЕВА