КОНФЕРЕНСИЯ: “ИСТИЛОҲОТИ ЗАБОНШИНОСӢ ВА МАВҚЕИ ОНҲО ДАР КИТОБҲОИ ДАРСИИ ЗАБОНИ ТОҶИКИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ”

09-04-2021
9-уми апрели соли 2021 бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф таҳти унвони “Истилоҳоти забоншиносӣ ва мавқеи онҳо дар китобҳои дарсии забони тоҷикии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор гардид. Дар он Муҳаммаддовуд Саломиён - муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадзода – дирекори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, муаллифони китобҳои дарсӣ ва кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Сухани ифтитоҳиро М. Саломиён - муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, зикр намуд, ки конференсияи имрӯза дар партави таъкиду даструҳо ва ҷиҳати татбиқи нуқтаҳои дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат баёншуда доир гардида, масъалаи таълими истилоҳоти фанниро дар бар мегирад. 
Дар рафти конференсия Ш. Ёрмуҳаммадзода – дирекори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ дар мавзӯи “Баъзе масъалаҳои умумии таълими истилоҳоти забоншиносӣ дар мактаб”, Ҳ.Султон - корманди  Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ дар мавзӯи “Истилоҳоти забони тоҷикӣ: таърих, вазъ ва дурнамои он”,  Г.Файзалиева - мутахассиси пешбари раёсати таъминоти методии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Мулоҳизаҳо дар атрофи баъзе истилоҳоти забоншиносӣ дар китобҳои дарсии забони тоҷикии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ”, С. Аминов – мутахассиси пешбари МҶТМ дар мавзӯи “Истилоҳоти забоншиносӣ дар Барномаи таълим ва китобҳои дарсии забони тоҷики мактабӣ”, Р.Зулфониён – сардори шуъбаи танзими истилоҳи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Китоби дарсӣ – пояи асосии маърифат ва бунёди соҳибтахассусӣ”, С. Набизода – сармуҳаррири маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” дар мавзӯи “Мушкилоти истилоҳот ва хулосаҳо атрофи он”, Ш. Абуллозода – мудири шуъбаи фанҳои филолологияи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф дар мавзӯи “Чанд мулоҳиза оид ба истифодаи истилоҳоти забоншиносӣ дар китобҳои дарсии забони тоҷикии мактабӣ” баромад намуданд.
Дар охири конфронс байни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифт.
Мавзуна   Убайдуллоева